ҲАЁТИ СОЛИММушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

-

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои тиҷоратии Чемпионати ҷаҳон аз мақомаш истеъфо дод.

Ба иттилои Reuters, Кордейро изҳор доштааст, ки дар таҳияи ин пешниҳод иштирок накардааст ва онро комилан ҷонибдорӣ намекунад.

«Ин созиш барои ассотсиатсияҳои аъзои FIFA, барои футбол ва рушди дарозмуддати он зараровар аст. Фурӯхтани ҳиссаи доимӣ аз арзишмандтарин дороии футбол ба хотири ба даст овардани 4,2 миллиард доллар, ояндаи ин бозиро гарав мегузорад», — гуфтааст ӯ.

Пештар FIFA аз таъсиси сохтори нави тиҷоратӣ бо номи FIFA Forward Enterprise (FFE) хабар дода буд. Ин ниҳод фаъолияти тиҷоратии мусобиқаҳои асосии FIFA, аз ҷумла Чемпионати ҷаҳонро идора хоҳад кард. Интизор меравад, ки яке аз сармоягузорони асосии он ширкати Thrive Eternal, вобаста ба Ҷошуа Кушнер — бародари домоди президенти ИМА Доналд Трамп — бошад.

Тибқи нақша, FFE то охири сол 4,2 миллиард доллар сармоя ҷалб мекунад.

Ин пешниҳод аз ҷониби чанд кунгураи бузурги футбол, аз ҷумла UEFA, CONCACAF ва AFC, мавриди интиқод қарор гирифтааст. Ба гуфтаи онҳо, чунин иқдом метавонад ба мустақилияти молиявӣ ва рушди дарозмуддати футболи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад