ҲАЁТИ СОЛИМРусия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027...

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

-

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей дар мавсими 2026–2027 роҳ надиҳад. Дар изҳороти расмии ин ниҳод гуфта мешавад, ки қарор бо сабаби нигарониҳо вобаста ба амният, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи адолати варзишӣ қабул шудааст.

IIHF дар ҷаласаи худ дархостҳои федератсияҳои хоккейи Русия ва Беларусро барои иҷозаи иштирок дар чемпионатҳои ҷаҳон байни мардон, занон, ҷавонон ва наврасон баррасӣ кард. Пас аз арзёбии ҳар як мусобиқа алоҳида, қарор шуд, ки тими мардонаи Русия дар ҳамаи мусобиқаҳои мавсими 2026–2027 иштирок намекунад. Танҳо масъалаи иштироки тими занонаи Русия моҳи ноябри соли 2026 бо назардошти вазъ ва арзёбии нави хатарҳо бозбинӣ хоҳад шуд.

Дар мавриди Беларус, IIHF тасмим гирифт, ки тими мардона ва тими ҷавонони ин кишвар низ бинобар нигарониҳои амниятӣ ва таъмини тартибот ба мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон роҳ дода нашаванд. Дар бораи иштироки дигар дастаҳои Беларус ҳоло маълумоти иловагӣ нашр нашудааст.

Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей байни мардон аз 14 то 30 майи соли 2027 дар шаҳрҳои Манҳайм ва Дюсселдорфи Олмон баргузор мешавад.

Русия ва Беларус пас аз оғози ҷанги густурдаи Русия алайҳи Украина дар соли 2022 аз аксари мусобиқаҳои байналмилалии хоккей маҳрум шудаанд. Барои Русия ин шашумин Чемпионати ҷаҳон хоҳад буд, ки пай дар пай онро аз даст медиҳад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад