ОЛАМИ МАҶОЗӢДуров аз дахолат ба интихоби Руминия даст кашид

Дуров аз дахолат ба интихоби Руминия даст кашид

-

Павел Дуров, директори генералии Telegram изҳор дошт, ки паёмрасон аз як ҳукумати аврупоии ғарбӣ талабнома гирифтааст, ки ба ҷараёни интихобот дар Руминия дахолат кунад.

Ба гуфтаи ӯ, дархост дар арафаи интихоботи президентӣ ворид шуда, аз зарурати «хомӯш кардани овозҳои консервативӣ» дар Руминия иборат буд. Дуров таъкид кард, ки аз иҷрои ин талабномаро рад кардааст.

Дар паёми худ, ки дар канали расмии Telegram нашр шудааст, ӯ номи кишварро мустақиман зикр накардааст, аммо бо истифода рамз ба он ишора кардааст, ки бисёриҳо инро ҳамчун ишора ба Фаронса маънидод карданд.

Паёми Дуров

Дуров инчунин мавқеи худро дар бораи озодии баён ва интихобот баён кард. Ӯ изҳор дошт, ки «демократияро бо нобуд кардани демократия ҳимоя кардан мумкин нест». Ба ақидаи ӯ, озодии баён ва интихоботи одилона мафҳумҳои ҷудонопазир мебошанд ва мардуми Руминия сазовори ҳардуи онҳост.

«Озодии баён ва интихоботи одилона — ин мафҳумҳои ҷудонопазир мебошанд. Ва мардуми Руминия сазовори ҳардуи онҳост», — хулоса кардааст соҳибкор.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад