МУВАФФАҚИЯТИстифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби наврасон яке аз мавзӯҳои...

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби наврасон яке аз мавзӯҳои асосии сиёсати ИА

-

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ аз ҷониби наврасон ба яке аз мавзӯъҳои асосии сиёсати Иттиҳоди Аврупо табдил ёфтааст. Дар ҳоле ки бархе кишварҳо пешниҳод доранд, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои шахсони то 16-сола манъ карда шавад, дигарон ҷонибдори маҳдудиятҳои нармтар бо ҳадди синнии пасттар мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, Эстония, ки яке аз кишварҳои пешрафтаи рақамӣ маҳсуб мешавад, бо ҷорӣ кардани маҳдудияти ягонаи синнусолӣ дар сатҳи Иттиҳоди Аврупо мувофиқ нест. Ба андешаи мақомоти ин кишвар, ба ҷойи манъкунӣ бояд ба баланд бардоштани саводи рақамии кӯдакон, омӯзгорон ва волидон ва инчунин иҷрои қатъии қонунҳои мавҷуда, аз ҷумла Қоидаҳои хизматрасониҳои рақамӣ диққати бештар дода шавад.

Чанде пеш гурӯҳи мустақили коршиносон таҳти роҳбарии профессор Йорг М. Фегерт ва доктор Мария Мелхиор гузоришеро оид ба амнияти кӯдакон дар интернет пешниҳод кард. Дар он таъкид шудааст, ки ҳамаи ноболиғони то 18-сола набояд яксон арзёбӣ шаванд ва барои гурӯҳҳои гуногуни синнусолӣ бояд роҳкорҳои мувофиқ истифода гарданд.

Ҳамзамон, дар гузориш масъулияти асосӣ барои ҳифзи кӯдакон ба зиммаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ширкатҳои рақамӣ гузошта шуда, нақши волидон бештар ҳамчун ҳамкор ва назораткунанда арзёбӣ шудааст.

Дар солҳои охир Иттиҳоди Аврупо як қатор санадҳои ҳуқуқиро барои ҳифзи кӯдакон дар фазои рақамӣ қабул кардааст. Аз ҷумла:

  • Қоидаҳои хизматрасониҳои рақамӣ (DSA);
  • Қоидаҳои умумии ҳифзи маълумоти шахсӣ (GDPR);
  • Дастури хизматрасониҳои аудиовизуалӣ (AVMSD);
  • Қонуни зеҳни сунъӣ (AI Act);
  • як қатор дастурҳои дигар оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва амнияти маҳсулоти рақамӣ.

Бо вуҷуди ин, баҳсҳои сиёсӣ бештар ба қабули маҳдудиятҳои нав равона шудаанд, на ба иҷрои самараноки қонунҳои амалкунанда.

Яке аз мушкилоти асосӣ он аст, ки наврасон метавонанд маҳдудиятҳоро ба осонӣ давр зананд. Таҷрибаи Британияи Кабир ва Австралия нишон додааст, ки бисёр наврасон бо истифода аз VPN ё гузаштан ба платформаҳои камтар танзимшаванда аз маҳдудиятҳо канорагирӣ мекунанд.

Илова бар ин, барномаи санҷиши синну сол, ки Комиссияи Аврупо пешниҳод кардааст, низ мавриди интиқоди мутахассисон қарор гирифт. Ба гуфтаи онҳо, чунин низомро ҳатто воситаҳои зеҳни сунъӣ метавонанд дар муддати кӯтоҳ давр зананд.

Ҳамзамон, нигарониҳо дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ низ афзоиш ёфтааст, зеро ҷамъоварии маълумоти бештар барои муайян кардани синну соли истифодабарандагон метавонад хатари ихроҷи маълумотро зиёд кунад.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки танҳо маҳдудиятҳои қонунӣ барои ҳифзи кӯдакон кофӣ нестанд. Баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва иштироки фаъоли волидон низ аҳамияти калон дорад.

Аммо таҳқиқоти шабакаи EU Kids Online нишон медиҳад, ки соли 2020 ҳамагӣ 22 дарсади волидони аврупоӣ аз воситаҳои назорати волидайн истифода бурдаанд. Дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла Литва ва Чехия, ин нишондиҳанда мутаносибан ҳамагӣ 12 ва 14 дарсад будааст.

Ба гуфтаи коршиносон, то замоне ки волидон барои назорати вақти истифодаи интернет, пешгирии киберзӯроварӣ ва ҳифзи амнияти рақамии фарзандонашон масъулияти бештар эҳсос накунанд, танҳо қонунгузорӣ наметавонад амнияти кӯдаконро дар муҳити рақамӣ пурра таъмин намояд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад