МУВАФФАҚИЯТСе хонандаи тоҷикистонӣ соҳиби гранти омӯзишӣ дар Донишгоҳи Амрикои...

Се хонандаи тоҷикистонӣ соҳиби гранти омӯзишӣ дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ шуданд

-

Алиҷон Усмонов, яке аз қаҳрамонони ҶОМ ва ду ҳамсабақи дигараш Абӯбакр Комилов ва Аслан Насратшоев хонандагони синфи 10 аз Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи ҷаҳонии «MATH-CHALLENGE 2021» дар Таиланд аз фанни риёзӣ бо забони англисӣ иштирок ва ғолиб омада, соҳиби шоҳҷоизаи озмун — гранти омӯзишӣ дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ шуданд.

Сурайё Негматова, директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ додааст, ки гранти омӯзишии мазкур дар умум 220 ҳазор долларро ташкил дода, 80 ҳазор доллари он ба Алиҷон Усмонов, 80 ҳазор доллар ба Абӯбакр Комилов, 60 ҳазор доллар ба Аслан Насратшоев ихтисос дода шудааст. Дарёфти гранти омӯзишӣ имкон медиҳад, ки ин се хонандаи литсей тӯли 4 сол ройгон дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ (North American University) таҳсил намуда, ҳамчунин бо хобгоҳ ва хӯроки ройгон таъмин карда шаванд.

Бояд гуфт, Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ яке аз пурнуфӯзтарин донишгоҳҳои Амрико ба ҳисоб рафта, ба 10 гонаи беҳтарин донишгоҳҳои ИМА шомил аст.

Ёдовар мешавем, ки ахиран Алиҷон Усмонов  дар Олимпиадаи байналмилалии дониш – “International Olympiad Antaliya”  аз фанни математика баландтарин баҳо- 100 холро ба даст оварда буд.  Ин натиҷа дар даҳ соли охири Олимпиада беназир гуфта мешавад. Яъне, Алиҷон бо ҳал кардани 6 мисолу масъала рекорди худро гузошт.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
2
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад