БИЗНЕС-КЛУБПентагон Alibaba, BYD-ро ба феҳристи ширкатҳои низомии Чин шомил...

Пентагон Alibaba, BYD-ро ба феҳристи ширкатҳои низомии Чин шомил кард ва онҳоро аз дастрасӣ ба қарордодҳои мудофиавии ИМА маҳрум кард

-

Пентагон ширкатҳои бузурги чинӣ, аз ҷумла Alibaba, BYD ва Baidu-ро ба феҳристи ширкатҳои низомии Чин шомил кард ва онҳоро аз дастрасӣ ба қарордодҳои мудофиавии ИМА маҳрум намуд. Ин иқдом ҳамчун густариши ҷиддии рӯйхат арзёбӣ мешавад, ки акнун на танҳо бахши дифоъ, балки бахши шаҳрвандии технологияҳои Чинро низ фаро мегирад.

Рӯйхати навшуда, ки рӯзи душанбе нашр гардид, ҳоло 188 сохтори чиниро дар бар мегирад, дар ҳоле ки як сол пеш шумораи онҳо 134 адад буд.

Ба ин рӯйхат акнун ширкатҳои бузурги хусусие ҳам дохил шудаанд, ки қаблан бо бахшҳои мудофиа ё амният иртибот надоштанд. Ин тағйирот аз нигаронии рӯзафзуни Вашингтон нисбат ба сиёсати Пекин дар самти истифодаи ширкатҳои шаҳрвандӣ барои ҳадафҳои низомӣ шаҳодат медиҳад.

Ин рӯйхат соли 2021 бо дархости Конгресси ИМА таъсис ёфта, ширкатҳоеро дар бар мегирад, ки ба арзёбии Пентагон бо Қувваҳои мусаллаҳи Чин иртибот доранд. Ба ин гурӯҳ на танҳо ширкатҳои мустақиман тобеи сохторҳои низомӣ ва амниятӣ, балки онҳое низ дохил мешаванд, ки ба рушди пойгоҳи саноати мудофиавӣ саҳм мегузоранд.

Ҳангоми навсозии рӯйхат дар соли гузашта, Пентагон изҳор дошт, ки артиши Чин кӯшиш мекунад ба технологияҳои пешрафта ва дастовардҳое дастрасӣ пайдо кунад, ки аз ҷониби ширкатҳо, донишгоҳҳо ва барномаҳои таҳқиқотии чинӣ таҳия мешаванд ва дар зоҳир ҳамчун сохторҳои шаҳрвандӣ фаъолият мекунанд.

Пентагон зимни шарҳи ворид намудани Alibaba ба рӯйхат изҳор дошт, ки ин ширкати бузурги технологӣ тавассути робита бо Вазорати саноат ва технологияҳои иттилоотии Чин ба рушди саноати мудофиавии кишвар мусоидат мекунад. Саҳмияҳои Alibaba дар Биржаи Ню-Йорк ба муомила бароварда шудаанд.

Ба гуфтаи Пентагон, ширкатҳои BYD ва Baidu низ бо ҳамин вазорат, ки сиёсати технологӣ ва саноатии Чинро ҳамоҳанг мекунад, робита доранд.

Аммо Alibaba ва Baidu ин иттиҳомҳоро қатъиян рад карданд. Дар изҳороти Alibaba омадааст,к и «Alibaba ширкати низомии Чин нест ва дар ягон барномаи ҳамгироии низомӣ ва шаҳрвандӣ иштирок намекунад.»

Baidu, ки дар самти зеҳни сунъӣ ва таксиҳои бидуни ронанда фаъолият мекунад, низ изҳор дошт, ки иддаоҳо дар бораи мақоми низомии ширкат «комилан беасосанд».

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои...

50 омӯзгор бо тренерони амрикоӣ таҷрибаи муосири таълимиро мубодила карданд

Аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 50 омӯзгори барномаи...

Омӯзгор ҳаққи фурӯши либоси мактабиро надорад!

Либосҳои тавсиявиро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бояд дар муассисаҳои олӣ ва макотиби таҳсилоти миёна илмомӯзон...
spot_imgspot_img

Apple Pay расман дар Тоҷикистон фаъол шуд

Истифодабарандагони дастгоҳҳои Apple дар Тоҷикистон акнун метавонанд пардохтҳои худро бидуни истифодаи кортҳои пластикӣ анҷом диҳанд. 28 июли соли 2026...

Grok достони ҳамосавии «Одиссея»-и Ҳомерро эҷод мекунад

Grok Imagine, ки аз ҷониби ширкати xAI таҳия шудааст, то охири соли 2026 филмеро бар асоси достони ҳамосавии "Одиссея"-и...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад