ҲАЁТИ СОЛИМДар Ба Думаи давлатӣ ҷазоҳои нав барои муҳоҷирон ва...

Дар Ба Думаи давлатӣ ҷазоҳои нав барои муҳоҷирон ва корфармоёни онҳо пешниҳод шуд

-

Гурӯҳи вакилони ҳизби «Справедливая Россия — За правду» ба Думаи давлатӣ ду лоиҳа  пешниҳод карданд.

Дар лоиҳаи якум (Кодекси маъмурӣ) моддаи нав 18.21 «содир кардани майдаавбошӣ аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд».

Тибқи ин лоиҳа, муҳоҷирон ва шахсони бешаҳрванд барои дашномҳои қабеҳ, озор додани шаҳрвандон ё вайрон кардани амволи дигарон аз 5 то 10 ҳазор рубл ҷарима мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони Русия барои ҳамин кирдор 500–1000 рубл ҷарима мешаванд.

Илова бар ин, агар муҳоҷирон маълумоте паҳн кунанд, ки шаъну шарафи инсонро паст мезанад ё нисбат ба Русия ва рамзҳои давлатӣ беэҳтиромӣ нишон диҳад, ба онҳо хориҷкунӣ аз Русия таҳдид мекунад.

Лоиҳаи дуюм ҷаримаи калон барои корфармоёни ғайриқонунӣ буда, дар он пешниҳод шудааст, ки ҷаримаҳо барои ҷалби ғайриқонунии муҳоҷирон ба кор ба таври ҷиддӣ афзоиш ёбанд.

  • Барои шахсони воқеӣ аз 25 ҳазор то 50 ҳазор рубл

  • Барои шахсони мансабдор аз 125 ҳазор то 250 ҳазор рубл

  • Барои шахсони ҳуқуқӣ (ширкатҳо) — аз 500 ҳазор то 1,6 миллион рубл 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазорати маорифи Миср китобҳои дарсиро бознигарӣ кард. Чаро?

Бо баҳонаи аз барномаҳои таълимӣ хориҷ кардани маводҳое, ки ба зӯроварӣ ташвиқ мекунанд, Вазорати маорифи Миср  як қатор дарсҳои...

Ширкатҳо дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз қарорҳои бар асоси зеҳни сунъиро ба истифодаи саноатӣ тақрибан ду баробар бештар аз ҳамтоёни худ дар дигар кишварҳои...

Ширкатҳои минтақа ба шарофати таҷрибаҳои нав ва сатҳи баланди рақамикунонӣ истифодаи зеҳни сунъиро дар тиҷорат босуръат густариш медиҳанд, аммо...

10 ҳазор ташхиси ВНМО, беш аз 4 миллион вояи ваксина ва 78 миллион доллар сармоягузорӣ: мероси 35-солаи ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ

Дар 35 соли муносибатҳои дипломатӣ Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкориҳои худро дар соҳаҳои гуногун густариш додаанд. Яке аз...

Шавҳарашро аз муҳоҷират баргардонд. Қиссаи бонуи занбӯриасалпарвар

Зулфиза Қобилова дар гармии тоқатфарсои Айвоҷ бо меҳнату сабурӣ аз ду қуттии хурди занбӯр як кори хонаводагии даромаднок сохт. Замоне...
spot_imgspot_img

Тадқиқоти нав: Meta ба ҳисоби миёна 25 аз 35 навъи эҳтимолии маълумотро ҷамъоварӣ мекунанд

Тадқиқоти нави Surfshark нишон медиҳад, ки барномаҳои ширкати Meta метавонанд нисбат ба дигар бузургҷуссаҳои соҳаи технология маълумоти бештари корбаронро...

Пиразан сармояи ночизи худро барои роҳсозӣ харҷ кардан хост

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ аз як ҳодисаи таъсирбахш ёдовар шуд, ки ба гуфтаи ӯ, нишондиҳандаи...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад