ҲАЁТИ СОЛИММуҳоҷироне, ки дар феҳрасти назоратии мақомоти муҳоҷират қарор доранд,...

Муҳоҷироне, ки дар феҳрасти назоратии мақомоти муҳоҷират қарор доранд, аз дарёфти шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум шуданд

-

Ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар феҳрасти назоратии мақомоти муҳоҷират қарор доранд, дигар иҷозаи супоридани имтиҳон дар Бозрасии давлатии автомобилӣ дода намешавад.

8 июл фармони нави Вазорати корҳои дохилии Русия ба иҷро даромад, ки тибқи он шахсони хориҷие, ки «дар реҷаи ихроҷ» қарор доранд, дигар ҳаққи супоридани имтиҳон барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ надоранд.

Ин тағйирот ба регламенти дохилии имтиҳонсупории Инспексияи давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ ворид карда шуда буд.

Феҳрасти шахсони назоратшаванда аз 5 феврали соли 2025 ба фаъолият оғоз кард. Ба он маълумоти шаҳрвандони хориҷӣ ворид карда мешавад, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор доранд — яъне

  • муҳлати будубоши муваққатӣ,
  • иҷозати зисти муваққатӣ,

  • иҷозаи иқомати доимӣ,

  • патент,

  • ё иҷозати кор ба охир расидааст.

Онҳое, ки ба ин рӯйхат дохил мешаванд, аз як қатор ҳуқуқҳо маҳрум мешаванд, аз ҷумла, ҳаққи гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад