ҲАЁТИ СОЛИМРусия баҳонаи бекор кардани шаҳрвандиро зиёд кард

Русия баҳонаи бекор кардани шаҳрвандиро зиёд кард

-

Рӯйхати ҷиноятҳое, ки барои онҳо Русия метавонад шаҳрвандии ба даст овардаро бекор кунад, васеътар гардид. Аммо вакилони Думаи давлатии Русия изҳор доштанд, ки ин рӯйхат комил набуда, тамоми ҷиноятҳои хусусияти ҷинсӣ дошта, аз ҷумла педофилия, низ ба он шомил карда шаванд.

Ба рӯйхати ҷиноятҳое, ки метавонанд боиси аз даст додани шаҳрвандии Русия гарданд, 8 банди нав илова мешаванд, аз ҷумла:

  • Зӯроварии ҷинсӣ,

  • Даъвати оммавӣ ба терроризм,

  • Кумак ба душман дар амалҳои бар зидди амнияти Русия,

  • Таблиғи рамзҳо ва атрибутикаи миллатгароӣ ва экстремизм,

  • Ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар заминаи махфӣ,

  • Кумак ба татбиқи қарорҳои созмонҳои байналмилалие, ки Русия узви он нест…

Механизми маҳрум кардан аз шаҳрвандии бадастовардашуда барои содир кардани ҷиноят, соли 2017 дар Русия роҳандозӣ шуда буд. Дар аввал рӯйхат 17 ҷиноятро дар бар мегирифт, ки то имрӯз ба 64 адад расидааст.

Шаҳрвандиро, бар асоси қонуни амалкунанда, метавон барои ҷиноятҳое мисли:

  • ташкили ошӯбҳои оммавӣ,

  • паҳн кардани маводи мухаддир,

  • терроризм ва экстремизм,

  • иштирок дар ошӯбҳои мусаллаҳона,

  • фейкҳо дар бораи артиши Русия,

  • даъват ба таҳримот,

  • саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ,

  • хиёнати давлатӣ,

  • ва ифшои сирри давлатӣ бекор кард.

Ин қонуни нав қисми сиёсати шадидтари муҳоҷират ва амнияти дохилӣ дар Русия буда, дар баробари ҷазоҳои маъмурӣ, ҳоло таҳдиди аз даст додани шаҳрвандӣ ҳам ба унвони абзори фишор истифода мешавад — хусусан нисбат ба шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро тавассути тартиботи табиӣ ба даст овардаанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад