МУВАФФАҚИЯТZANJABIL BRO: идеядуздӣ намекунем!

ZANJABIL BRO: идеядуздӣ намекунем!

-

Матеош (Азам Назриев)

Гурӯҳи «ZANJABIL BRO» тавонист дар ҳаҷви тоҷик навоварӣ кунад. Мавзӯҳои пешниҳоднамудаи гурӯҳ наву ҷолиб, кори танзими видеоҳояшон дар сатҳи олист…

Матеош, ки идеяи таъсиси гурӯҳи ҳаҷвиро бо дӯстонаш дар миён гузоштааст, шарҳ медиҳад, ки Маънои ZanjabilBRO – муҳтавои тунд ва бародари тунд аст.

Замоне Фред и Матеош (ду чеҳраи асосии гурӯҳи «ZANJABIL BRO») брейк-данс машқ мекарданд ва номи гурӯҳашон “Zanjabil крю” буд. Вақте ба ҳаҷв рӯй меоранд, сари чӣ ном гузоштани гурӯҳ баҳс мекунанд. Матеош пешниҳод мекунад, ки  «Занҷабил (қаламфур) бошад.

Онҳо мегӯянд, қаламфур тунд буда, ҳама наметавонад онро истеъмол намояд. Ҳамчунин на ҳама шухию ҳаҷви онҳоро дарк мекунад…

Ҳоло ба назар чунин менамояд, ки дигар гурӯҳои ҳаҷвии мо дар қиёс бо гурӯҳи «ZANJABIL BRO»  то андозае куҳнаанд. «Ин гурӯҳ масоили ҷавонон, фарҳанг ва  тафаккури умдатан мардуми шаҳрро зебову диданӣ ва хеле ҳунармандона пешниҳод менамояд.

Идеядуздӣ намекунанд ё мисли баъзе гурӯҳҳои ҳаҷвии дигар латифаҳои русиро баргардон карда бозӣ намекунанд. Саҳнаҳои ин гурӯҳ ғайри қобили пешбинӣ аст, чун нав ва дастнохӯрдаанд.

Онҳо 7-уми майи соли 2019 аввалин видеои худро дар саҳифаи Инстаграм нашр карданд. Он кори на он қадар ҷиддӣ вале барояшон як имтиҳон буд, ки мардум ба кори онҳо чӣ гуна баҳо медиҳад… Хушбахтона, ҷомеа онҳоро хуш пазируфт. Ҳоло дар Инстаграм 146 ҳазор обуначӣ доранд ва наворҳои онҳоро беш аз 200 ҳазор бинанда пайгирӣ мекунад.

То ду соли пеш аксари саҳнаҳои онҳо тариқи телефон сабт мешуд. Ҳоло онҳо соҳиби камера ва мизи танзим ҳастанд.

Салоҳиддини Айнидин

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
13
+1
6
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
2

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад