БИЗНЕС-КЛУБЛола чӣ гуна забони говҳояшро ёфт?

Лола чӣ гуна забони говҳояшро ёфт?

-

Лола Қодирова 15 сол дар Русия рӯзҳои сахти бекасиву дур аз муҳаббати фарзандонро чашид. Акнун пас аз ранҷу азоби муҳоҷират ҳоло дар зодгоҳаш-Ашт ба чорводорию боғпарварӣ машғул буда, дӯстдори гов аст, бо ин ҷонвар рози дил мекунад ва ба мисли фарзандонаш онҳоро тарбия менамояд.

Деҳқонзан баъди муҳоҷирати тӯлонӣ дар Ватан 2 гектар боғ гирифт, зардолу мепарварад, гандум мекорад, бо алафи зери дарахтон чорводорӣ мекунад.

Ӯ бо маблағи ҳамин боғу чорво фарзандонашро мехӯронад, ба мактаб мефиристад.

Ба чорвову дарахтон меҳр баст, чун зиндагияш аз пушти он тағйир ёфт. Лола Қодирова дӯстдори гов аст ва бо ин ҷонвар рози дил мекунад ва ба мисли фарзандонаш тарбия мекунад. Ба говҳояш Бозорбой, Хонзода, Мая ва Лала ном гузошта ин ҷонвари хонагиро дӯсти беҳтаринаш меҳисобад. Аз ошхонаҳои ноҳия боқимондаи таъомҳоро барои говҳояш ҷамъоварӣ ва дар деги калоне хӯроки махсус таҳия мекунад. Ба гуфтаи деҳқонзан гов ба душворӣ ба боварии инсон медарояд, бисёр меҳрубонӣ бояд кард.

“Ман бо меҳр дар як рӯз назди говҳо то даҳ маротиба меоям ва маро мебинад. Ламс мекунам, гап мезанам ин ҷонварҳо низ гапро мефаҳманд. Инсон ба душворӣ ба боварии гов медаромадааст, ба сагу гурба зудтар. Гов бениҳоят ҷонвари доно аст. Барои ба боварии гов сазовор шудан хело меҳрубонӣ бояд кард. Гуруснаву ташна гузоштан лозим нест, сари вақт сӯзандору мегирад. Ҳоло ҳам омада дархости харидан мекунанд, лекин дилам намешавад, ки фурӯшам. Рӯзи хурсандиву ғам ҳаст, гоҳ пул доред гоҳ не. Ба бозор мебароред ин ҷонварҳо ҳам сарват аст.”

Манзили Лола дар шафати оғили гову гусфандонаш

Хонаи ин оила хеле ғайриоддӣ буда, бо оғилхонаи дӯстони безабонаш девор дар миён аст. Кулбаи хоксоронаи гилин, аммо муҷаҳҳаз бо тирезаи замонавӣ,  дохилаш бо матоъ ва зарфҳои миллӣ оро ёфтааст. Шабеҳи хонаи қадимаи бошандагони деҳот аст, ки ҳифз шудааст. Дастархони ин оила бо хӯрокҳои миллӣ ва меваҳои шаҳрбори боғ ороста шуда, аз чунин зиндагӣ Лола лаззат мебарад.

Ҳалим Ҷураев

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
14
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад