ҲАЁТИ СОЛИМБоз як вируси хатарнок ошкор шуд

Боз як вируси хатарнок ошкор шуд

-

Президенти ИМА Ҷо Байден дар бораи навъи нави коронавирус, ки бо номи “Омикрон” сабт шудааст, рӯзи 29-уми ноябр хабар додааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки чанд кишвари аврупоӣ аллакай хабар доданд, ки дар қаламрави онҳо навъи нави COVID-19 ошкор шудааст. “Омикрон”-ро коронавируси ошкоршуда дар Африқои Ҷанубӣ меноманд ва ин навъи вирусро бо хусусияти бисёр зуд сироят шуданаш хатарнок арзёбӣ мекунанд. Тарси мақомот ва донишмандон ин аст, ки “Омикрон” ба воксинаҳои зидди коронавирус тобовар буда, метавонад шахси эмшударо ҳам сироят кунад. Вале ҳамоно ин навъи вирус дуруст омӯхта нашудааст. Мақомот дар Африқои Ҷанубӣ гуфтанд, ки дар кишвари онҳо бисёр беморшудаҳо ҷавонон мебошанд.

«Сироятшиноси калони амрикоӣ Энтони Фаучи дар як сӯҳбаташ бо президент Ҷо Байден дирӯз гуфт, ки барои ба даст овардани иттилои пурраву фарогир дар бораи “Омикрон” ду ҳафта вақт лозим мешавад.»,-менависад Радиои Озодӣ.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад