МУВАФФАҚИЯТЯтимбонию кори саҳро, кулчапазӣ ва чанди шуғли дигар

Ятимбонию кори саҳро, кулчапазӣ ва чанди шуғли дигар

-

Майсара Қурбонова аз чап якум

Майсара Қурбонова дар шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад. Шавҳараш дар муҳоҷират буда,  ин зан 4 фарзанди духтари марҳумашро тарбия мекунад.

Майсара барои ба камол расондани ин ятимон кишоварзӣ менамояд, дар замин сабзавот ва дигар маҳсулоти полезӣ кишт намуда, дар зарфҳои шишагин хуриш ва анвои гуногуни маҳсулотро барои зимистон омода ва ба фурӯш мебарорад. Муштариёни зиёде дорад. Ҳатто муҳоҷирон аз Русия ба ӯ фармоиш медиҳанд, ки тариқи ҳавопаймо хӯришҳои таҳиякардаашро фиристад.

зарфҳои шишагини пур аз сабзавот. Акс аз шабакаи интернет

Ин зан дар доираи  лоиҳаи “Реинтегратсия барои занони зери хатар ва қурбониёни хушунат дар ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон”, ки бо маблағгузори Созмони байналмилалии “Acted” аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Маърифати шаҳрвандӣ”  амалӣ гардид, ба омӯзиш фаро гирифта шуд.

Майсара бо се сокини шаҳри Ҳисор, ки баъд аз поёни давраи омӯзишӣ лоиҳа пешниҳод намуданд вв лоиҳаҳояшон дастгирӣ ёфт

Майсара дар ин омӯзиш банақшагирии тиҷорат ва рушди соҳибкориро дар баробари дигар мавзӯҳо аз худ намуд.

Марҳилаи аввали силсилаомӯзишҳои дурӯза аз санаи 15 то 28  феврали соли равон ва марҳилаи дуюми он аз 28 март то 5 апрел  баргузор гардида буд. Дар умум, 128 зан дар омӯзишҳои “Тавонмандсозии иҷтимоӣ ва иқтисодии занон” дар доираи  лоиҳаи «Реинтегратсия барои занони зери хатар аз шаҳру навоҳии Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода” ширкат карда буданд.

“Дар доираи лоиҳа давоми 25 рӯз дарс гузашта хеле чизҳоро омӯхтам. Баъд аз омӯзиш лоиҳаи хешро пешниҳод кардем, ки дастгирӣ ёфт ва ба ман яхдон, дег, зарфи обгирӣ ва сарпӯшмаҳкамкунак дода шуд. Ман ба ин чизҳо ниёз доштам. Муштариёни зиёд дорам. Онҳо ба ман фармоиш медиҳанд.Ташаккур ба ин созмонҳо, ки таҷҳизоти заруриро барои мо пешниҳод карданд.”,-гуфт Майсара Қурбонова.  

Акнун Майсара метавонад барои коҳиш додани камбизоатӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии хеш фаъолияташро беҳтар намояд, зеро, бо дарёфти таҷҳизот имконоташ бештар шуд.

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия шудааст, ки то охири соли равон бояд қабул гардад. Мақсад қонун фароҳам овардани шароити муфид барои дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла, занони танҳо, ятимон, ашхоси камбизоати кишвар, ҳам аз тарафи давлат ва ҳам аз ҷониби ҷомеа равона шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад