БИЗНЕС-КЛУБОмӯзиши таҷрибаи ширкатҳои кишвари ҳамсоя дар самти коркарди хушкмева

Омӯзиши таҷрибаи ширкатҳои кишвари ҳамсоя дар самти коркарди хушкмева

-

Ҳайъати Тоҷикистон иборат аз намояндагони 13 корхонаи истеҳсол ва коркарди хушкмева ва ду ассотсиатсия соҳавӣ аз сафари омӯзишӣ ба Ӯзбекистон баргашт. Зимни ин сафар соҳибкорон ва иттиҳодияҳои соҳавӣ бо таҷрибаи пешрафтаи ширкатҳои кишвари ҳамсоя дар самти истеҳсол ва коркарди хушкмева шинос шуда, барои барқарор намудани робитаҳо ва ба роҳ мондани ҳамориҳо имкон пайдо намуданд.
Сафар аз 10-ум то 14-ум августи 2024 сурат гирифт ва дар ҷараёни он соҳибкорони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон бо занҷираи коркарди меваи хушк дар шаҳрҳои Фарғона ва Самарқанд шинос шуданд.
Ҳайъати Тоҷикистон аз ширкатҳои маҳаллии коркарди хушкмева дар ҳар ду шаҳр боздид карда, бо равандҳо ва фанновариҳои истеҳсолӣ ошно шуданд.
Ҳамчунин, сафар ба аъзои ҳайъат имкон фароҳам овард, то тамосҳои тиҷоратӣ барқарор намоянд ва имкониятҳои дастрасӣ ба ашёи хом ва бозори фурӯшро баррасӣ намоянд. Онҳо, ҳамчунин, бо вазъи пешбурди соҳибкорӣ дар ҷумҳурии ҳамсоя, ба монанди низоми андоз ва андозбандӣ, равандҳои воридоту содироти маҳсулот, дастрасӣ ба маблағ ва қарзҳои бонкӣ, пуштибонии давлат аз соҳа маълумот пайдо карданд. Дар баробари табодули таҷрибаи тиҷорӣ, ин ибтикор ҳамчунин ҳадаф дошт, то миёни ассотсиатсияҳои соҳавӣ низ барои ҳамкориҳои оянда тамос барқарор гардад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад