БИЗНЕС-КЛУБНигина Фахридинова симои фасли ҳафтуми Ҳафтаи муд

Нигина Фахридинова симои фасли ҳафтуми Ҳафтаи муд

-

Ҳафтаи муд (Fashion week Tajikistan) рӯзҳои 18, 19 ва 20- уми ноябри соли равон дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe идома мекунад. Бояд гуфт, дар Тоҷикистон соли чорум аст, ки Ҳафтаи муд доир мегардад ва ин навбат Симои фасли ҳафтуми Ҳафтаи муд Нигина Фахридинова интихоб шуд.

Дар фасли 7- уми Fashion week Tajikistan тарроҳони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Эрон, Қибрис, Украина, Фаронса, Марокко ва Дубай коллексияи нави худро пешниҳод намуданд ва дар Ҳафтаи муд 22 тарроҳ ва бренди машҳур ширкат варзиданд.  

Баргузории Ҳафтаи муд таҷрибаи пешқадами соҳа дар аксарияти кишварҳои хориҷӣ дониста мешавад. Дар ҷарёни баргузории Ҳафтаи муди Тоҷикистон 3 тарроҳ аз Тоҷикистон ширкат ва коллексияи худро муаррифӣ карданд. Инчунин 12 донишҷӯи беҳтарини риштаи тарроҳии Донишгоҳи техналогии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирию дизайни Тоҷикистон низ ширкат ва маҳорати зебоиофарии худро нишон доданд.

Дар таърихи муди Тоҷикистон бори аввал аст, ки поягузори Ҳафтаи муди Париж “Oriental Fashion Show Paris” Ҳинд Ҷоудар бо тарроҳонаш ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳафтаи муди Тоҷикистон бо ташаббуси “T&Z” ва дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон баргузор гардид.

Аминҷон Раҳматзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад