ҲАЁТИ СОЛИМҚуръакашӣ: 6 даста рақиби худро мушаххас кард

Қуръакашӣ: 6 даста рақиби худро мушаххас кард

-

Маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол баргузор шуда, дар марҳилаи муқаддамотӣ 12 дастаи лигаи аввал иштирок мекунанд, ки дар қуръакашӣ ба шаш ҷуфт ҷудо шуданд. Дар ин марҳилаи мусобиқа «Панҷшер» бо «Динамо», «Ваҳдат» бо «Ҳосилот», «Моҳир» бо «Душанбе», «Ҳулбук» бо «Сарҳадчӣ», «Саройкамар» бо «Гулистон» ва «Барқчӣ» бо «Кӯктош» нерӯ месанҷанд.

Ба иттилои Кумитаи олимпии Тоҷикистон, бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022 аз як вохӯрӣ иборат буда, рӯзҳои 4 ва 5 июн баргузор мешаванд. Ғолибон ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбанд, ки дар ин марҳила дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мусобиқа ҳамроҳ мешаванд.

Вохӯрӣ миёни дастаҳои «Панҷшер» ва «Динамо» дар рӯзҳои эҳтиётӣ баргузор мешавад, зеро футболбозони тими «Динамо» ҳайати асосии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20)-ро ташкил медиҳад, ки рӯзҳои 2 ва 4 июн дар Душанбе бо ҳамсолони худ аз АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.

Бояд гуфт, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2022 ҳуқуқи муаррифии кишвари моро дар Ҷоми КФО-2023/2024 ба даст меорад. Дар сурате, ки як даста ҳам чемпион ва ҳам соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шавад, пас барандаи медали биринҷии лигаи олии Тоҷикистон дар мавсими оянда дар Ҷоми КФО ширкат хоҳад кард.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад