ОЛАМИ МАҶОЗӢНекрӯз аз иҷрои суруди якҷоя бо Jony даст...

Некрӯз аз иҷрои суруди якҷоя бо Jony даст кашид

-

Некрӯз, сарояндаи ҷавони тоҷик, ки иштирокчӣ ва ғолиби  озмуни ЭпикФит-и Ҷонӣ маҳсуб мешавад, аз идомаи иштирок ва иҷрои суруди якҷоя бо Ҷонӣ даст кашид.

Дар як видео аз бетаваҷҷуҳии Ҷонӣ нисбаташ эътироз кард ва хитоб намуд, ки барои ӯ ин гуна «луқма» лозим нест.

Вале дар поёни навори Некрӯз дар шабакаи инстаграм яке аз саҳифаҳои марбут ба Ҷонӣ (@jony.realmusic) ин навори Нерӯзро нафратовар унвон кард. «Шахсеро дашном додаӣ, ки ба ту бовар карда, беҳтарин корро бароят кардан мехост!», -омадааст дар шарҳ.

Jony ва VK Clips озмунеро охири соли 2023  оғоз карда буданд, ки як шонс барои кашфи истеъдодҳо унвон мешуд. Ғолиби асосӣ дар яке аз трекҳои албоми навбатии Ҷонӣ бо ин сароянда суруд мехонад.

Қоидаҳо озмун чунин буд: яке аз нусхаи таронаҳои нави Ҷониро аз vk.cc/ct01hF боргирӣ мекарданд ва бо шеваи худ  сабт мекарданд – ҳатто байт, хор ё як порчаи мусиқӣ. То 29 декабр видеои худро дар VK Clips бо хэштеги #EpicFit нашр мекарданд.

31 декабри соли 2023 Ҷонӣ эълон кард, ки Некрӯз ғолиб аст ва намунаи суруди Некрӯзро гузошта буд. Ҳамчунин дар телевизиони Жара TV аз тарзи пешниҳод ва ҳаракати Некрӯз тавсиф карда буд.

Тавсифи Ҷонӣ аз Некрӯз зимни мусоҳиба бо телевизион

Аммо гилаи Некрӯз аз беэътиноӣ ва бетаваҷҷуҳии Ҷонӣ ба пайғомҳои ӯст.

“Ман баъди сторисҳои Ҷонӣ навиштам, ки хушбахтам. Изҳори ташаккур кардам. Ду боре, навиштам, ӯ ба ман ҷавоб надод. Баъд аз чанд моҳ ӯ дубора иттилоъро дар бораи ғолиби озмун навишт, ки ба наздикӣ суруди якҷояи мо нашр мешавад, вале маро ишора накард. Ман дар ҷавоб навиштам, ки бесаброна интизорам. Ӯ боз ҷавоб надод. Ман се пайғоми гузоштаамро ҳазф кардам. Пас аз чанд вақт ба ман яке аз менеҷерони Ҷонӣ дар иртибот шуда табрик намуд. Ин нафар гуфт, ҳама саволҳоро ба ӯ метавонам матраҳ созам. Ман ба ӯ навиштам, ки сурудро аз нав сабт кардан зарур аст? Зеро, дар студияе, ки ман сабт кардам, шояд сифати хубе надошт. Шояд ба студияи шумо оям, аз нав сабт намоем. Дар аввал навиштанд, ки албатта, сабт бояд мекунем. Баъд аз чанд вақт нафари дигар навишт, ки сабти дубора лозим нест. Садои худро ба мо фиристед, мо коркард мекунем.  Ман ишора кардам, ки ба наздикӣ Маскав меравам, харҷе барои ман лозим нест. Ман омодаам, ки худам харҷҳоямро пӯшонам. Вале гуфтанд, зарур нест…»

Ҷонӣ 28 май бо нашри видеои кутоҳе хабар дод, ки бидуни ҳарфи зиёде дар албоми  «EPIC» суруди якҷояаш бо Даниел  31 май нашр мешавад, вале дар бораи Некрӯз чизе нагуфт.

Некрӯз мегӯяд, дастгирии Даниел аз ҷониби Ҷонӣ идеяи ҷолиб аст ва ӯ ба ин тасмим ҳеҷ гуна эътирозе надорад.

«Вале чаро дар директ ба ман офарин нанавишт. Бо ӯ (Даниел) вохӯрд, сабти дубора карданд. Ман эҳсос мекунам, ки Ҷонӣ бо ман фит нахост. Интизор ҳам надошт, ки ман ғолиб меоям. Маро мардуми Тоҷикистон дастгирӣ кард. Ҳама ба ман овоз доданд, ҳамаи Тоҷикистон. Ман аз касе чизе нахостам. Блогерҳо бознашр карданд. Бори дигар ман таъкид мекунам, ки маро ҳамаи Тоҷикистон дастгирӣ кард! Имрӯз аз ин гуна муносибати бад… Ин фитро ба пуштатон занед. (Некрӯз ҳарфҳои қабеҳ истифода мекунад).  Барои мо тоҷикон ин гуна луқма лозим нест!»,-хитоб мекунад Некрӯз.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад