МУВАФФАҚИЯТХабарнигори "ҶОМ" Бозиҳои Осиёии Айчи-Нагоя 2026-ро инъикос мекунад

Хабарнигори «ҶОМ» Бозиҳои Осиёии Айчи-Нагоя 2026-ро инъикос мекунад

-

Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Румайза дастфишорӣ мекунад. Аксҳо аз сомонаи https://oca.asia

Шӯрои олимпии Осиё ба хабарнигорони ҷавон барои инъикоси Бозиҳои Осиёии Айчи-Нагоя 2026 ҳамагӣ даҳ билет ё роҳхат медиҳад ва яке аз ин билетҳо насиби Румайза Норова, хабарнигори ҷавони «ҶОМ» гардид. Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин муваффақият Румайзаро дар шаҳри Душанбе табрик намуд.

Румайза соли дуюм аст, ки барои пойгоҳи «ҶОМ» матолиби ташреҳӣ (эксплейнер), мусоҳибаву мубоҳиса омода мекунад.

Румайза дар даври дуюми озмуни хабарнигорони ҷавони Бозиҳои Осиёии Шӯрои олимпии Осиё (OCA) — Айчи-Нагоя, ки 6 апрел дар Тошканд ҷамъбаст гардид, пирӯз дониста шуд.

«Румайза аз 17 довталаб пеш гузашта, дар ҳайати дастаи ВАО-и OCA барои инъикоси Бозиҳои Осиёии Айчи-Нагоя 2026, ки моҳи сентябри соли оянда баргузор мешаванд, шомил шуд. Ӯ баъд аз ғолиби якум Мира Регмии Бутан, нафари дуюм аст, ки соҳиби билет шуд.»,-омадааст дар хабари Olympic Council of Asia.

Румайза дар иншои худ дар бораи барандаи медали биринҷии Ҷоми Осиё дар Ҷокарта ва Палембанг Комроншоҳи Устопириён навишта буд:

«Барои 16 сония — ман ҳисоб кардам — ​​парчами мо таваҷҷуҳи ҷаҳонро ба худ кашид.»,-навиштааст Румайза дар иншои худ. Хоҳиши ман барои ширкат дар Бозиҳои осиёии Айчи-Нагоя 2026 аз ҳамин лаҳза сарчашма мегирад. Ман мехоҳам ҳамчун як хабарнигори фаъол амал кунам то ҳикояҳоеро, ки аз хотираҳо мераванд, ҳифз кунам.»

Румайза навиштааст, ки агар ғолиб шавад, интизори лаҳзаест, ки Кураш — намуди анъанавии гӯштии тоҷикӣ — дар Айчи-Нагоя намоиш дода мешавад.

«Ҷаҳон техникаеро меомӯзад, ки гузаштагони мо хеле барвақт ба мерос гузоштаанд. Гуштини анъанавӣ он чизеро нишон медиҳад, ки ман дар Бозиҳои осиёӣ ҷолибтарин меҳисобам, зеро, он нишон медиҳад, ки мероси фарҳангӣ эътибори ҷаҳонӣ ба даст меорад.»

Румайза навиштааст, ки 16-сония диди ӯро тағйир дод ва мақсад гузошт, ки лаҳзаи пирӯзии Тоҷикистонро дар Бозиҳои осиёӣ мушоҳида намояд. «Мехоҳам ҳикояҳои мо ва ҳама ҳикояҳои ногуфта аз тамоми ҷаҳон дар хотираҳо боқӣ монанд.»,-хулоса кардааст Румайза.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад