МУВАФФАҚИЯТДар Бадахшон ҳам гармхона сохтан имкон дорад

Дар Бадахшон ҳам гармхона сохтан имкон дорад

-

Агар инсон пеши худ барои иҷрои коре мақсад гузорад, ӯ алаккай як қадам аз мушкилот ба пеш рафт. Кофист то талаботу ниёзи мардумро бидонӣ ва сари вақт ба он аксуламал нишон бидиҳӣ. 

Соли панҷум аст, ки сокини ноҳияи Рӯшони ВМКБ Ҳамдам Давлатмамадов ба ташкили гармхонаҳо машғул аст ва дар ин самт натиҷаи хуберо ба даст овардааст. Ӯ алаккай 6 гармхонаи муоссирро бо беҳтарин шароит фароҳам овардааст.

“Ҳадафи асосии лоиҳаи ман таъмини минтақаи кӯҳистон бо сабзавоти тару тоза мебошад. Азбаски дар шароити кӯҳистон иқлим хунук аст, ҳангоми нашъу намо он аз сардии ҳаво талаф меёбад.  Сабзавот аз дигар минтақаҳо оварда мешавад. Аз ин рӯ, мо ба хулосае омадем, то роҳҳои беҳтару самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигиамонро пайдо кунем. Агар ҳадди ақал аз оғози фаъолият худамон ва оилаамонро таъмин кунем, пас мо аллакай ба амнияти озуқавории минтақаи худ расидаем.” – гуфт Ҳамдам Давлатмамадов.

Вай аслан хатмкардаи факултети филологияи ДДХ мебошад. Ҳамчунин аз курсҳои забони англисӣ ва соҳибкорӣ дар ММКД-и ДОМ гузашта, омӯзиши банақшагирии тиҷорат ба ӯ даст дод, ки идеяи тиҷоратиашро амалӣ созад. Соли 2017 бо дастгирии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ӯ аввалин гармхонаро ба масоҳати 500 метри мураббаъ сохт.

Баъди як соли фаъолият,  бо дастгирии сармоягузори ҳиндӣ гармхонаи дуюми худро ташкил намуд ва соли 2019 бо дастгирии Иттиҳодияи Ҷамъиятии “Рундара” созишномаи дигареро барои бунёди гармхонаи сеюм бо масоҳати 650 метри мураббаъ ба имзо расонид.

Соли гузашта маҳсулоти ҷамъовардашудаи Ҳамдам 6000 кг-ро ташкил намуд  ва имсол ӯ нақша дорад, ки истеҳсоли маҳсулоташро ба 12 тонна расонад.

Маҳсулот дар бозори маҳаллӣ фурӯхта шуда ҳамчунин  қаҳвахонаву тарабхонаҳои маҳаллӣ бо маҳсулот таъмин карда мешаванд.

“Бунёди чунин гармхонаҳо, на танҳо ба таъмини аҳолӣ   бо сабзавоти тару тоза, ҳамчунин ба  муҳайё намудани  ҷойҳои корӣ ва самаранок истифода бурдани замин мусоидат мекунад.”, — изҳор дошт ҳамсӯҳбати мо.

Тибқи нақшаи ин соҳибкор, 6 гармхонаи дигар низ то охири моҳи апрели соли равон ба истифода дода мешаванд. Ҳамчунин дар нақша аст, ки сехи меваю сабзавот низ мавриди истифода хоҳад гардид.-гуфт Ҳамдам.

Рафоат Қудратбекова

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад