ҲАЁТИ СОЛИМДепарде ба ҳабси шартӣ маҳкум шуд

Депарде ба ҳабси шартӣ маҳкум шуд

-

Додгоҳи ислоҳии Париж ҳунарпешаи фаронсавӣ Жерар Депардеро ба 18 моҳ ҳабси шартӣ барои парвандаи таҷовуз дар сабти филм дар соли 2021 маҳкум кард, хабар медиҳад BFMTV.

Депардеро дар таҷовуз ба занони 54 ва 34-сола — ороишгар ва ёвари коргардон, ки узви гурӯҳи филми «Пардаҳои сабз» буданд, гунаҳкор донистанд ва шикоятҳои онҳоро суд баррасӣ кард.

Илова бар ин, Депардеро аз ҳуқуқoи шаҳрвандӣ ба муддати ду сол маҳрум карданд ва ба феҳристи ҷинояткорони ҷинсӣ ворид карданд.

Моҳи март, додситонӣ барои ҳунарпеша 18 моҳ ҳабси шартӣ ва ҷаримаи 20 ҳазор евро талаб карда буд.

Депардеро дар таҷовуз ба ҳунарпеша Шарлотта Арну низ гумонбар мекунанд. Аммо ҳунарпеша ҳамеша ҳама гуна айбҳоро рад кардааст.

Ҳамлаҳо дар матбуот ва тафтишоти нави судӣ нисбат ба Депарде пас аз он оғоз ёфт, ки моҳи апрели соли 2023 нашрияи Mediapart матлаберо нашр кард, ки дар он шоҳидӣ аз 13 зан ҷамъ оварда шудааст, ки иддао доранд бо амалҳои ҷинсии ҳунарпеша рӯ ба рӯ шудаанд. Сухан дар бораи ҳодисаҳое меравад, ки дар майдонҳои сабти 11 филм ва силсилафилмҳо дар  соли 2004 то 2022 рух додаанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад