НАВИДБеҳтарин бозигари соли 2021 кист?

Беҳтарин бозигари соли 2021 кист?

-

«Ниммҳимоятгари “Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон Алишер Ҷалилови 28-сола, беҳтарин бозигари соли 2021 эълон шуд.»-иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Алишер Ҷалилов барои дуюмин бор аст, ки барандаи ҷоизаи “Беҳтарин бозигари сол” мегардад. Ӯ бори аввал соли 2019 ин ҷоизаро ба даст оварда буд. Фатҳулло Фатҳуллоев соли 2017 ва Илҳомҷон Баротов соли 2020 ба гирифтани ҷоизаи мазкур мушарраф гардида буданд.

Барои дарёфти ҷоизаи “Беҳтарин бозигаре, ки аз Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар бозӣ мекунад”, се довталаб буд ва ҳарсе узви дастаи мунтахаби миллии кишвар мебошанд: нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев (“Локомотив”, Пловдив, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе (“Навбаҳор”, Узбекистон), инчунин ҳамлагар Шаҳром Самиев (“Торпедо-БелАЗ”, Беларус). Ин ҷоиза ба Эҳсони Панҷшанбе супурда шуд.

Ба Файзалӣ Сардоров аз дастаи “Соро Компания”-и Душанбе ҷоизаи “Беҳтарин бозигари футзал дар соли 2021” тақдим гардидааст.

Лайло Ҳалимова, ҳамлагари бошгоҳи «Хатлон»-и Бохтар, ки бо дастааш медали тиллои чемпионати Тоҷикистонро байни дастаҳои футболи занон ба даст овардааст, бо 67 голи задааш беҳтарин нишонзани мусобиқа гардида, бо ҷоизаи «Беҳтарин футболбоззани сол» сарфароз гашт.

Далер Шарипов, футболбози умедбахши сол дониста шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад