МУВАФФАҚИЯТХайри 150 ҳазор сомонии як лӯлӣ

Хайри 150 ҳазор сомонии як лӯлӣ

-

Одатан кам мешунавем, ки лӯлиҳо иқдом ба кори хайре намуда, дасти кумак барои касе дароз кунанд. Онҳо дар навоҳии мухталифи кишвар ба сар мебаранд ва шуғли қисме аз онҳо талбандагӣ аст. Аммо кори як хонаводаи лӯлӣ боиси тааҷҷуб ва таҳсини аксарият шудааст, ки маблағи калонеро сарфи корҳои ободонӣ намуд. Як хонаводаи миёнаҳоли лӯлӣ аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон барои ободонии деҳаашон-Ҳаливар 150 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст.

Дар деҳаи Ҳаливар асосан лулиҳо зиндагӣ мекунанд. Нуриддин Йериқулзода, сокини ин деҳа мегӯяд, бо бародараш ба муҳоҷират мераванд ва онҳо тасмим гирифтанд, ки маблағи аз муҳоҷират ба дастовардаро  на барои хариди мошин ва сохтани манзили боҳашамат харҷ карда, балки маблағро барои ободонии деҳа сарф намоянд.

Агарчи бо шунидани номи «лӯлӣ» дар зеҳни аксарият талбанда хутур мекунад, вале Нуриддин мегӯяд, ҳоло мардон аз ин қавм  ба муҳоҷират рафта,  кори аз гузаштагонашон ба мерос гирифтаро идома намедиҳанд ва барои ҳамеша тарки талбандагӣ кардаанд.

Нуриддин нақл мекунад, ки деҳаро бо роҳу  трансформатор таъмин карда, инчунин ноқили барқ ҳам ба деҳа дастрас карданд, ки харҷи умумӣ ба ин корҳо 150 ҳазор сомониро ташкил дод.

Муаллиф: Бахтиёр Комилов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад