НАВИД5 май. Рӯзе, ки шустани дастон хотирнишон мегардад

5 май. Рӯзе, ки шустани дастон хотирнишон мегардад

-

Шустани даст замоне пураҳамият шуд, ки вирус COVID-19 дар саросари ҷаҳон паҳн гардид. Аммо маъракаи умумиҷаҳонии шӯстани даст аз соли 2009 оғоз ёфта, ҳамасола 5 май (Рӯзи ҷаҳонии гигиенаи даст) ҷашн гирифта мешавад…

Санаи 5-уми май (5-уми панҷмоҳагӣ) рамзи 5 ангушти ҳар як даст мебошад.

Ғояи ин санаи ғайриоддӣ ба Ассамблеяи Генералии СММ, Хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ ва Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ тааллуқ дорад, ки соли 2008 дар якҷоягӣ қарор доданд, ки ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии дастҳои тоза ҷашн гирифта шавад ва ҳар сол то 120 миллион кӯдак аз 70 кишвар ба ин амал ҷалб карда мешаванд.

Ҳадафи асосии Рӯзи умумиҷаҳонии дасти тоза ҷалби таваҷҷуҳ барои саривақт ва дуруст шустани даст бо собун буда, ҳамчун роҳи муассиртарин ва арзонтарини муҳофизати худ аз бемориҳои гуногуни сироятӣ маҳсуб мешавад.

Ҳадаф аз Рӯзи умумиҷаҳонии дасти тоза ёдовар шудан ба одамон аст, ки шӯстани дастҳо ба саломатии инсон чи қадар муфид аст. Зеро, даст яке аз узвҳои паҳнкунандаи микроорганизмҳо маҳсуб мешавад…

Чанд далеле ҳаст, ки метавонад муносибати шуморо ба як амали содда тағйир диҳад:

-шӯстани ҳаррӯзаи даст фавти кӯдакони то панҷсола аз бемории рӯдаро ба таври назаррас коҳиш медиҳад;

-мутобиқи таҳқиқотҳо, дар дастҳои ифлос садҳо миллион микроорганизмҳо пайдо мешаванд, ки ба зуком, гепатити вирусӣ ва бемориҳои вазнини рӯда мерасонанд;

-тибқи як таҳқиқоти олимони бритониёӣ, нисбат ба дастони нафарони оддӣ, дар дастҳои кормандони идоравӣ микроорганизмҳобештар ҳастанд;

-ашёи ифлос -телефони мобилӣ, клавиатураи компютер, тугмаҳои лифт, дастаи дар ва калидҳо маҳсуб мешаванд;

Шустани даст бо собун барои аз сатҳи пӯст дур кардани то 90% микроорганизмҳо кӯмак мекунад. Дар ҳамин ҳол муҳаққиқони Аврупо муайян карданд, ки танҳо нисфи мардон ва аз чор се ҳиссаи занон пас аз рафтан ба ҳоҷатхона дастҳои худро мешӯянд;

Тавсияи мутахассисон ин аст, ки дар хона собунҳои оддии бидуни хосияти бактериявӣ  истифода шавад, зеро, ҳангоми истифодаи аз ҳад зиёди маҳлулҳо, на танҳо микроорганизмҳои зараровар, балки «муфид» низ мемиранд.

Чаро шӯстани даст муҳим гардид?

Соли1847 духтури венагӣ Игназ Семмелвейс, ҳамчун ёвари доктор Клейн дар беморхонаи генералии Вена кор карда, сабабҳои сатҳи баланди фавти кӯдакон ва «таби пас аз таваллуд» -ро дар занон таҳлил намуда, тахмин кард, ки ин нишондиҳандаҳо бо он алоқаманд аст, ки табибон ҳангоми ташхису аёдати модару кӯдак дастҳои худро намешӯянд.

Вай пешниҳод кард, ки табибон дастонро бо маҳлули шустушӯӣ безарар кунанд. Ин тадбири оддӣ муваффақияти бесобиқа ба бор овард — марг якбора коҳиш ёфт. Аммо он замон назарияи патоген барои илм ҳанӯз маълум набуд ва Семмелвейс ба шарлатанизм айбдор карда шуд ва таъқиби ӯ оғоз ёфт. Соли 1850 Семмелвейс Венаро тарк кард ва соли 1861 китоби ӯ ба табъ расид, ки дар он назарияи шустани дастро ҷонибдорӣ мекард. Семмелвейс соли 1865 вафот кард ва ҳеҷ гоҳ аз мавқеаш даст накашид ва танҳо пас аз панҷ соли маргаш, ҷарроҳи англис Ҷозеф Листер билохира зиёни микроорганизмҳоро, ки тариқи дастон сироят мекунанд, собит кард. Пас аз якчанд сол шустани даст дар Англия тарғиб карда шуд, ки фавти кӯдакон ва занонро ба таври назаррас коҳиш медод.

Аммо стандартҳои маъмулан қабулшуда барои шустани даст қабл аз валодат, нисбатан нав буданд. Барои қабулу дар амал татбиқ кардани онҳо чандин насли табибон ва олимон бояд заҳмат мекашиданд. Аммо саҳми асосӣ дар он аст, ки шустани дастҳо пеш аз таваллуд ба тартиби ҳатмӣ табдил ёфтааст ва имкон медиҳад, ки шумораи ҳолатҳои «таби таваллуд» коҳиш ёбад, аз ҷониби табиби нобиға Игназ Симмелвейс гузошта шудааст.

Тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои безараргардонии дастон

Давомнокии шустани дастон 20-30 сонияро ташкил менамояд.

  1. Маҳлули безараргардониро дар кафи даст гирифта, тавре молиш диҳед, ки ба тамоми сатҳи он расад.
  2. Кафи як дастро ба кафи дасти дигар гузошта молиш диҳед.
  3. Бо кафи дасти рост сатҳи  болои панҷаи дасти чапро молиш дода  ҳамин амалро бо кафи дасти чап ва панҷаи дасти рост иҷро кунед.
  4. Бо ангуштони ҳар ду даст миёни ангуштҳоро молиш диҳед.
  5. Ангуштони як дастро дар ҳолати нимқад бо дасти дигар пайваст карда, болову поён фишор диҳед.
  6. Ангушти калони дасти чапро бо чор ангушти дасти рост дошта, пешу қафо молиш диҳед ва ҳамин амалро дар дасти чап анҷом диҳед.
  7. Бо ҳаракатҳои даврӣ ба самти пеш ва қафо бо ангуштони нимқати дасти рост қафи дасти чапро молиш диҳед; Ҳамин амалро дар дасти дигар иҷро намоед.
  8. Баъд аз хушк шудан, дастон онҳо безарар мегарданд!

Чи тавр дастонро бояд шуст?

Дастонро шуед, агар онҳо дар ҳақиқат ифлос бошанд! Дар дигар мавридҳо аз маҳлулҳои безараргардонӣ истифода баред.

Давомнокии шустани дастон  40-60 сонияро ташкил менамояд.

  1. Дастонро бо об нарм кунед.
  2. Ба таври кифоя собуни моеъро ба кафи даст гирифта, ба тамоми сатҳи панҷаҳо молиш диҳед.
  3. Кафи як дастро ба қафи дасти дигар гузошта молиш диҳед.
  4. Бо қафи дасти рост панҷаи дасти чапро молида,  ҳамин амалро бо  қафи дасти чап дар дасти рост иҷро кунед.
  5. Ангуштони дасти ростро аз байни ангуштони дасти чап гузаронида, кафҳои дастонро молиш дихед.
  6. Ангушти як дастро дар ҳолати нимқад бо ангуштони дасти дигар пайваст карда, болову поён фишор диҳед.
  7. Ангушти калони дасти чапро бо чор ангушти дасти рост дошта, пешу қафо молиш диҳед ва ҳамин амалро дар дасти чап анҷом диҳед.
  8. Бо ҳаракатҳои даврӣ ба самти пеш ва қафо бо ангуштони нимқати даст рост кафи дасти чапро молиш диҳед; ҳамин амалро дар дасти дигар иҷро намоед.
  9. Дастонро тоза шуед!
  10. Дастонро бо сачоқи яккарата хушк намоед.
  11. Бо сачоқ ҷумаки обро маҳкам кунед.
  12. Акнун дастони шумо безарар гардиданд!

Дастони тоза ҳаётро наҷот медиҳад

Оё дастони шумо тоза аст?

Кадом вақт? Панҷ лаҳзаи безараргардонии дастони Шумо.

  1. Пеш аз мулоқот бо бемор.
  2. Пеш аз тартиби амалиёти асептикӣ.
  3. Пас аз таомс бо моеъҳои биологӣ
  4. Баъд аз мулоқот бо бемор.
  5. Пас аз дидан намудани объектҳои муҳити атрофи бемор.
  1. Пеш аз мулоқот бо бемор

Кадом вақт?- Пеш аз ворид шудан ба назди бемор дастонро  безарар гардонед.

Барои чӣ? – Ҳимоя намудани бемор аз микроорганизмҳои хатарноки дар даст буда.

  1. Пеш аз амалиёти асептикӣ.

Кадом вақт?- Пеш аз гузаронидани амалиёт      тозагии дастонро ҳатман бояд риоя намуд.

Барои чӣ? – Ҳимоя кардани бемор аз ворид шудани микроорганизмҳои хавфнок ба организм, аз ҷумла микрофлораи худи ӯ.

  1. Пас аз хатари алоқа бо моеъҳои биологӣ.

Кадом вақт?-Иҷро намудани безараргардонии дастон баъд аз амалиёт, аз ҷумла  бо моеъҳои биологӣ

(ҳатто пас аз кашидани дастпӯшак).

Барои чӣ? Ҳимоя кардани худ,  муҳити атроф ва муассисаҳои тиббӣ  аз микроорганизмҳои хавфноки бемор.

  1. Баъд аз робита бо бемор.

Кадом вақт?- Иҷро намудани безараргардонии дастон ҳангоми даст расонидан ба ашёҳои бемор.

Барои чӣ?- Ҳимоя кардани худ,  муҳити атроф ва муассисаҳои тиббӣ  аз микроорганизмҳои хавфноки бемор.

  1. Баъд аз расидан ба ашёҳои бемор ва муҳити он.

Кадом вақт?- Иҷро кардани безараргардонии дастон ҳангоми дур шудан аз бемор, ҳато дар мавриди даст расонидан ва ё ин ки даст нарасонидан ба ашёҳои бемор.

Барои чӣ?- Ҳимоя кардани худ,  муҳити атроф ва муассисаҳои тиббӣ  аз микроорганизмҳои хавфноки бемор.

Дастонро чи гуна бояд шуст? (Тавсия аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ)

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роскомнадзор: YouTube дархости моро сарфи назар кард

Шабакаи YouTube сарфи назар аз талаботи Роскомнадзор, беш аз 60 ҳазор маводро, ки ин ниҳод ғайриқонунӣ медонад, ҳазф накарааст....

CAFA-2024: Эрон медали тиллоро соҳиб шуд

Championship CAFA 2024 байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба поён расид. Дувумин мусобиқаи имсола таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи...

Vivo X100s-ро тавонотарин смартфон меҳисобед?

Vivo X100s тавонотарин телефон дар назарсанҷиҳои чанд ширкат дониста шудааст. Маҳсулоти нав бо эҳтимоли зиёд нимаи аввали соли 2024...

Истеҳсоли Nokia 220 4G

Ширкати HDM дар Чин телефони нави тугмадори Nokia 220 4G 2024-ро муаррифӣ кард, ки USB Type-C дорад.  Nokia 220 4G...
spot_imgspot_img

Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад, ки ҳадаф аз қабули он дастгирӣ ва рушди соҳибкории...

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад