НАВИДАЗ 1400 СОМОНИИ ҲАРРӮЗА КӢ ФОИДА МЕБИНАД?

АЗ 1400 СОМОНИИ ҲАРРӮЗА КӢ ФОИДА МЕБИНАД?

-

Шаҳрдории Душанбе арзиши роҳкироро 1 сомониву 60 дирам муқаррар кардааст, аммо аксари ронандаҳо 40 дирам бештар мегиранд

Масъулини “Душанбехадамотнақлиётрасон” пеш аз таҷлили 30 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфта буданд, ки   “то ҳол дар мавриди  баланд кардани нархи нақлиёти ҷамъиятӣ  дар пойтахт таҳлил идома дорад   ва дар ин бора супорише нашудааст”.

Онҳо ваъда доданд, ки то баргузории ҷашнҳо арзиши роҳкиро бетағйир мемонад  ва шояд  баъди он ҳам  баланд нашавад.

Ин иддаои масъулини шаҳрдорӣ дар ҳоле буд, ки он замон ҳам ва баъди ҷашнҳо низ, аз рӯи шикояти мардум аксари нақлиёти мусофиркаши пойтахт аз мусофирон 2 сомонӣ роҳкиро мегирад. Ҳол он ки арзиши роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ 1 сомониву 60 дирам муқаррар шудааст.

Ронандаҳои “саркаш” сабаби аз мусофирон 40 дирам бештар гирифтани роҳкироро ба гарон шудани нархи сӯзишворӣ нисбат медиҳанд.

Дар ҳақиқат, шурӯъ аз охири моҳи июл нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба таври чашмрас баланд шуд ва ҳоло арзиши як литр газ аз 8-9 сомонӣ ҳам гузаштааст, дар ҳоле, ки пештар дар ҳудуди 5 – 6 сомонӣ буд.

Ба назар мерасад, ки 40 дирам зиёдтар гирифтани роҳкиро дар мусофиркашҳои пойтахт ҳоло масъалаи асосӣ нест. Зеро бо сар шудани таҳсил дар мактабу донишгоҳҳо ва бештар шудани мусофирон мушкили камчинии нақлиёт пеш омад.

Мусофирон мегӯянд ин масъала пеш аз баланд шудани нархи сӯзишворӣ ҳам субҳ ва бегоҳиҳо ҷо дошт, ки онро дар байни халқ “час пик” меноманд. Бо сар шудани соли нави таҳсил ин мавзӯъ мушкилтар шуд.

Дар “Душанбехадамотнақлиётрасон” мутмаинанд, ки миқдори мусофиркашҳо кам нашудааст ва овозаҳо дар бораи аз мусофиркашӣ даст кашидани теъдоде аз ронандаҳо бо сабаби баланд шудани сӯзишворӣ асос надорад. Ба маълумоти онҳо дар шаҳри Душанбе 4  корхонаи  коммуналӣ, 14 ширкатҳои хусусии микроавтобусӣ  ва 10 ширкатҳои хизматрасонии таксӣ ба мусофирон хизмат мекунанду дар шумораи нақлиёташон дигаргуние нест.

-Хизматрасонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умум дар 77 хатсайрҳои  мусофирбарӣ,  аз ҷумла  23 хатсайрҳои  автобусӣ, 8 хатсайри  троллейбусӣ, 46  хатсайрҳои  микроавтобусӣ   ҳамарӯза тариқи  3550 воситаи нақлиёт,  аз ҷумла 300  автобус,  55  троллейбус,  1400  микроавтобус  ва 1800 воситаи нақлиёти кироякаш ба роҳ монда шудааст, — менависанд онҳо дар посух ба дархости журналистон дар сафҳаи расмии худ.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки воқеан саҳару бегоҳ кӯчаҳо пуродам ва дар интизории нақлиётанд. Агар дар миқдори мусофиркашҳо тағйирот нест, сабаб дар чист?

Хабарнигорони нашрияи “СССР” даъвои ронандагонро барои гаронии нархи сӯзишворӣ санҷида, ба хулосае омадаанд, ки ҳоло ҳам соҳибони мошинҳо аз 100 то 200 сомонӣ фоида мебинанд. Онҳо ҳарҷу даромади нақлиётҳои мусофиркашониро дар мисоли хатсайри 2 ҳисоб карда, ба хулосае омаданд, ки ронандаҳо дар як рӯз 350 сомонӣ барои 35 литр солярка, 200 сомонӣ барои иҷорапулӣ, 60 сомонӣ ҳаққи кондуктор, тақрибан 50 — 60 сомонӣ барои хӯрок сарф мекунанду дар умум 100 — 200 сомонӣ ба худаш мемонад.

Ин фоидаи онҳо аз он ҳисоб пайдо мешавад, ки ронандаҳо дар мусофиркашҳои ҷамъиятӣ аз миқдори муқарраршуда чандин маротиба бештар одам бор мекунанд. Ин масъала ҳам нав нест. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нияти барҳам задани ин мушкил чор сол қабл қарори қаблиро дар бораи 80 дирам будани роҳкиро то нисфи роҳ ва 1 сомониву 60 дирам то охири хатсайрро бекор намуд. Акнун барои як истгоҳ ҳам мусофирон бояд як сомониву 60 дирам пардохт намоянд. Шарти асосӣ ин буд, ки ронандаҳо аз курсиҳои муқарраршуда бештар одам нагиранд. Ҳамчунин тибқи як дастури дигари шаҳрдорӣ мебоист “пулчинакҳо” дар нақлиёти ҷамъиятӣ  умуман барҳам мехӯрданд. Барои ин ҷаримаи ҳангуфт ҳам муқаррар карда буданд ва чанд рӯзи аввали тасдиқи ин қарор рейдҳое сурат мегирифту тариқи шабакаҳои телевизионӣ нишон доданд. Аммо бо гузашти на чандон муддати зиёд вазъият ҳамон гуна шуд, ки қаблан буд. Боз мусофиркашҳои лабрез аз одам ва овози баланди пулчинакҳо…

-Масъалаи асосии нақлиёти мусофираш дар пойтахт ба назари ман бештар рабт мегирад ба беназоратии бахш. Агар фосилаи (интервал) байни ҳаракати нақлиёт назорат мешуд, мусофиркашҳо дар истгоҳи аввалу охир пас аз ҳар хати сайр номнавис мешуданд, то ин ҳад масъала пеш намеомад. Таҳлилу санҷиши чандинбораи мо нишон дод, ки чунин низом дар нақлиёти мусофирбарии Душанбе нест. Барои ҳамин, вақте қарори шаҳрдори нав дар бораи аз байн бурдани “хатсайрҳои шикаста” содир шуд, гуфтам, ки ин боис ба ҳалли масъала намешавад. Шояд лоббиҳое вуҷуд доранд, ки аз ин 60 дирами замшуда манфиат мебинанд. Ҳоло бошад ба он 40 дирами дигар зам шуд ва ба як сомонӣ табдил ёфт. Манзур, ба ҷои 1 сомониву 60 дирам гирифтани 2 сомонӣ аз ҷониби ронандаҳост. Агар дар пойтахт 1400 микроавтобус бошад, ҳамон тавре, ки дар ҳисоботи расмӣ омадааст (ҳол он ки шояд 800 – 1000 мусофиркаши ба истиллоҳ ғайриқонунӣ ҳам дар шаҳр гардиш доранд), ҳамарӯза 1400 сомонӣ аз онҳо бештар ҳосил мешавад. Ин ҳисоб метавонад бамаротиб бештар бошад. Пас шояд касе дар ҳақиқат фоидаи молӣ мебинад? Аммо аз ҳисоби ин фоидаи молии касе капитали сиёсии Рустами Эмомалӣ, ки солҳои охир зиёд таблиғ мешавад, зарар намебинад? Ин масъала то дар ҳамин сатҳ баррасӣ нашавад, фикр намекунам масъалаи нақлиёти пойтахт ҳалли ниҳоии худро пайдо намояд, — мегӯяд журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Раҷаб Мирзо, ки дар шаҳрдории пешин дар ҳайати аз ҷумла вобаста ба комиссияи нақлиёт фаъолият дошт.

  Ҳалима Шобекова

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роскомнадзор: YouTube дархости моро сарфи назар кард

Шабакаи YouTube сарфи назар аз талаботи Роскомнадзор, беш аз 60 ҳазор маводро, ки ин ниҳод ғайриқонунӣ медонад, ҳазф накарааст....

CAFA-2024: Эрон медали тиллоро соҳиб шуд

Championship CAFA 2024 байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба поён расид. Дувумин мусобиқаи имсола таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи...

Vivo X100s-ро тавонотарин смартфон меҳисобед?

Vivo X100s тавонотарин телефон дар назарсанҷиҳои чанд ширкат дониста шудааст. Маҳсулоти нав бо эҳтимоли зиёд нимаи аввали соли 2024...

Истеҳсоли Nokia 220 4G

Ширкати HDM дар Чин телефони нави тугмадори Nokia 220 4G 2024-ро муаррифӣ кард, ки USB Type-C дорад.  Nokia 220 4G...
spot_imgspot_img

Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад, ки ҳадаф аз қабули он дастгирӣ ва рушди соҳибкории...

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад