ОЛАМИ МАҶОЗӢИдомаи Форуми "Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабзю Рақамӣ....

Идомаи Форуми «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабзю Рақамӣ. Ҳушманд»

-

Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» дар  кишвар идома дорад. Ин форум аз 14 апрел оғоз шуд ва 18 апрел ба поён мерасад.

Дар доираи форум саммити ректорон, конфронсҳои байналмилалии илмию амалӣ дар самтҳои гуногун, форуми экологии ҷавонон, форуми соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, ташаббусҳои стартапӣ, олимпиадаю озмунҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ-экологӣ, мусобиқаҳои сайёҳии варзишӣ, инчунин чорабиниҳои дигари канорӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Дар форум роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳайати дипломатӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва таҳлилӣ, сохторҳои соҳибкорӣ, васоити ахбори омма, ҷомеаи коршиносон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин гурӯҳҳои ташаббускори ҷавонон даъват гардидаанд.

Ҳадафи форум таҳкими ҳамкории байналмилалии академӣ дар соҳаи рушди устувор, пешбурди навовариҳо, технологияҳои рақамӣ ва қарорҳои «ҳушманд» барои иқтисоди устувор, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, стартапҳо ва лоиҳаҳои илмӣ дар соҳаи экология, иқлим, захираҳои об, энергетика ва шаҳрсозии сабз, инчунин намоиши таҷрибаҳои беҳтарини таълимӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ, пешбурд ва дастгирии институтсионалии ташаббусҳои глобалӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои рушди устувор, рақамикунонӣ ва истифодаи масъули зеҳни сунъӣ унвон мешавад.

Акс аз саҳифаи фейсбукии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад