ОЛАМИ МАҶОЗӢҲукми бо зеҳни сунъӣ эҷодкардаи додрас дар Русия бекор...

Ҳукми бо зеҳни сунъӣ эҷодкардаи додрас дар Русия бекор нашуд

-

Дар Краснодар ҳодисаи ғайриоддӣ сабт шудааст. Вакилони дифоъ аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд, ки он бо зеҳни сунъӣ таҳия шудааст. Додгоҳи Краснодар ин шикоятро рад кардааст, ки қонун истифодаи зеҳни сунъӣ дар додгоҳҳоро танзим намекунад.

Ҳукм ба ду корманди собиқи полис — Сергей Фролов ва Алексей Фалюн, ки барои гирифтани 300 ҳазор рубл пора маҳкум шуданд, дахл дошт. Вале вакили яке аз онҳо ба якчанд ҷумлаҳои ғайриоддӣ дар матни ҳукм диққат додааст, ба мисли «плеяда защитников» ё «чудесным образом участвовали». Ба гуфтаи ӯ, ин ибораҳо ба сабки расмии додгоҳӣ мувофиқ нестанд.
Забоншинос, ки матнро таҳлил кардааст, порчаҳои аз ҷониби зеҳни сунъӣ тавлидшударо ошкор намудааст, аз қабили истифодаи калимаҳои бегона ба забони ҳуқуқӣ ва ҷумлаҳои “бемазмун”. Бо вуҷуди ин, додгоҳи болоӣ ҳукмро бе тағйир гузошта ва гуфтааст, ки «услуби баён ба қонунияти қарор таъсир намерасонад».
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад