ЗАБОНОМӮЗӢДонишҷӯи ӯзбекистонӣ: мехоҳам дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кунам

Донишҷӯи ӯзбекистонӣ: мехоҳам дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кунам

-

Пас аз барқарор шудани муносибатҳои дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон теъдоди довталабони ин кишвар ба макотиби олии Тоҷикистон афзуд. Хусусан муҳассилин аз вилоятҳои ҳамсарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон барои таҳсил ба Тоҷикистон бештар меоянд. Имрӯз мо аз саргузашти донишҷӯи ӯзбекистонӣ-Таҳмина хоҳем гуфт, ки тӯли 4 сол дар Тоҷикистон таҳсил ва зиндагӣ дорад.

Таҳмина Раҳимова 25 сол дорад ва ӯ зодаи вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Пас аз хатми мактаби миёна ӯ барои дохил шудан ба донишгоҳ дар шаҳри Термез ду сол пайи ҳам ҳуҷҷат месупорад, аммо ҳар ду бор аз имтиҳон ноком мегардад. Соли дувум баъди нокомӣ дар имтиҳон ва ноумедӣ аз идомаи таҳсил бо тавсияи модар Таҳмина роҳ сӯйи Тоҷикистон пеш мегирад ва ба Душанбе меояд.

“Моҳи августи соли 2018 ман ҳуҷҷатҳоямро ҷамъ кардам ва ҳамроҳи дигар довталабон ба сарҳад омадем ва моро дар сарҳади Тоҷикистон масъулони донишгоҳҳо пешвоз гирифтанд. Ба донишгоҳ омада имтиҳон супоридем ва боз ба Ӯзбекистон баргаштем. Пас аз як ҳафта боз омадам ва маълум гардид, ки ман донишҷӯ гардиданд. Бо ин, таҳсили ман дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оғоз ёфт.”, – ба ёд меорад Таҳмина.

Ба нақли Раҳимова, барои донишҷӯёни ӯзбекистонӣ дохил шудан ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳеҷ мушкиле надорад. Масъалаи равобити яксолаи таҳсилро шуъбаҳои робитаҳои байналмилалии муассисаҳои олӣ пас аз супоридани ҳуҷҷатҳои лозима аз ҷониби донишҷӯёни хориҷӣ худ омода мекунанд.

Солҳои аввали донишҷӯияшро дар Тоҷикистон Таҳмина чунин қисса мекунад:

“Ман таҳсилро аз рӯйи ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ оғоз кардам. Мушкилиҳои аввали ман ҳангоми таҳсил мутобиқ шудан ба муҳиту кишвари нав буд. Агарчи ман забони тоҷикиро медонистам, аммо фаҳмидани дарсҳои устодон бароям мушкил меафтод, чун онҳо бо забони адабӣ гап мезаданд. Аммо бо кумаки ҳамкурсони тоҷикистониам дар чанд моҳи ин мушкил ҳал гардида, ба муҳити нав низ одат кардам.”

Дар акс Таҳмина аз тарафи чап

Дар ин миён Ҳукумати Ӯзбекистон имконот фароҳам оварду бисёре аз донишҷӯёни дар хориҷ таҳсилкунанда ба донишгоҳҳои Ӯзбекистон интиқол ёфтанд. Аммо Таҳмина мегӯяд, ӯ ва теъдоди каме аз ҳамватанонаш таҳсилро дар Тоҷикистон идома доданд. Бештари дӯстони рафтаи Таҳмина тоҷикиро омӯхта натавонистанд ва ин сабаби асосӣ гардид, ки онҳо Тоҷикистонро тарк кунанд…

Таҳмина лаҳзаҳои хотирмони замони донишҷӯӣ дар Тоҷикистонро фаромӯш карда наметавонад ва бо эҳсос нақл мекунад:

“Соли 2020 дар ҷашни байналмилалии Наврӯз дуюмин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷие, ки дар Тоҷикистон таҳсил доранд, баргузор гардид, ки мо толибилмони хориҷиро ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара бурданд. Ман ба фарҳанги мардуми тоҷик аз наздик шинос шудам, дӯстони нав пайдо намудам ва ҷашнгирии Наврӯзи тоҷиконро бо анъанаҳои қадима дидам.”

Ин донишҷӯдухтари ӯзбекистонӣ ба ҳамватанони худ тасвия медиҳад, ки ба Тоҷикистон биёянд ва инҷо таҳсил намоянд ва аз надонистани забони тоҷикӣ наҳаросанд, чунки дар муддати кӯтоҳ онро азхуб намоянд.

Таҳмина имсол донишгоҳро дар зинаи бакалавр хатм мекунад ва нақша дорад, ки риштаи таҳсилро дар магистратура дар Тоҷикистон идома дода инҷо кору зиндагӣ намояд.

Нуралӣ Карим

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад