БОЛТабиби оянда дар Қибриси Шимолӣ... Манбаъи даромадаш аз куҷост?

Табиби оянда дар Қибриси Шимолӣ… Манбаъи даромадаш аз куҷост?

-

Меҳмони нашри 30-юми барномаи “Бол” Муҳаммадҷон Шарифзода буда, соли дуюм аст, ки дар риштаи тибби Донишгоҳи байналмилалии Қибриси Шимолӣ (CIU) таҳсил менамояд.

Муҳаммадҷон аз замони мактабӣ мехост табиб шавад ва аз расонаҳо дар бораи Cyprus International university маълумот пайдо карда ба ин донишгоҳ ҳуҷҷат супурд. Баҳоҳои аъло дар гувоҳномаи хатм ӯро соҳиби бурсияи 4-солаи таҳсили ройгон дар Қибриси (Кипри) Шимолӣ гардонд.

“Ният дорам пас аз чор соли таҳсил дар ин донишгоҳ, барои ба даст овардани ихтисос дар яке аз давлатҳои Аврупо се соли дигар таҳсил намоям.”,-гуфт ӯ.

Ба нақли Муҳаммад, донишҷӯён дар Қибрис танҳо бо донистани забони туркӣ кори мувофиқ пайдо мекунанд. Аммо ҳамсуҳбати мо тоза ба омӯзиши забони туркӣ пардохтааст ва барои таъмини рӯзгораш корҳои фосилавиро аз тариқи интернет анҷом медиҳад.

“Дар баробари кору ихтисоси асосӣ, ният дорам ягон касби муосирро онлайн анҷом диҳам то даромади иловагӣ дошта бошам.”,- илова кард меҳмони барнома.

Муҳаммадҷон ният дорад пас аз соҳибихтисос гардидан ба Ватан баргардад. Зеро, ҳадафи таҳсил дар хориҷ ин будааст, ки ба мардум бо сатҳу сифати беҳтар хидмат намояд.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
6
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад