Парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон форуми «Шуғли фосилавӣ: имкониятҳо, тамоюлҳо ва монеаҳо»-ро баргузор намудааст.
Форуми мазкур 9 апрел бо дастгирии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ташкил ва дар он намояндагони ва роҳбарияти ДДҲБСТ, ҶСК «Бонки Эсхата», ҶСП Бонки «Арванд», ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл», ҶДММ «Инноватсияи Ояндасоз», ООО “Некст групп”, ҶДММ «Фаровон-1», Ташкилоти ҷамъиятии «АНТИ», Ташкилоти ҷамъиятии «МИР» ва Бизнес-инкубатори вилояти Суғд ширкат намудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар фору тамоюлҳо, имкониятҳо ва мушкилоти шуғли фосилавӣ муҳокима гардидааст.