МУВАФФАҚИЯТЭКО-плюс-харҷи камтар, самаранокии бештар. Ин таҷҳизотро кӣ сохт?

ЭКО-плюс-харҷи камтар, самаранокии бештар. Ин таҷҳизотро кӣ сохт?

-

Камиль бо ҷоизаҳои ба дастовардааш. Аксҳо аз бойгонии қаҳрамон

Камиль Нурматов 20 сол дошта, навоварӣ, овозхонӣ мекунад ва варзишгар аст.

Камиль Нурматов дар Федератсияи Русия ба дунё омада, дар чаҳорсолагӣ бо  волидон ба зодгоҳи падарӣ-ноҳияи Ашти вилояти Суғд кӯч мебандад. Пас аз хатми мактаби миёна (соли 2018) ба Литсейи техникии шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 2020 хатм мекунад. Ҳамон сол дар Олимпиадаи байналмилалии довталабони хориҷӣ барои дохил шудан ба Донишгоҳи индустриалии Тюмен ширкат ва сазовори ҷойи аввал мегардад. Аммо бо сабаби бемории ҳамагири COVID-19 ба ин донишгоҳ ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод карда наметавонад.

Камиль Нурматов ҳоло донишҷӯи соли сеюми риштаи табаитшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мебошад. Ӯ аз овони хурдӣ навоварӣ мекардаасту, ҳар гуна дастгоҳ месохтааст.

“Дар хурдиам ҳар гоҳе падарамро машғули таъмири мошин медидам, аз ӯ зиёд суол мекардам ва шавқу ҳавасам барои сохтани ҳар гуна таҷҳизот дучанд мегардид. Аз ин хотир бо истифода аз ашёҳои гуногун ҳар гуна асбобҳои кучак месохтам. Маҳз ҳамин майлу рағбати маро падарам дида, бароям як устохонаи алоҳида бунёд кард ва ман ҳамарӯза дар он ҷо кор мекардам. То ба имрӯз таҷҳизоти зиёде сохтам, ки аз миёни онҳо дастгоҳи «ЭКО-плюс» маъруфият пайдо намуд.”,-мегӯяд Камиль Нурматов.

Таҷҳизоти “ЭКО-плюс” самаранокиро бештар, сарфи сузишворӣ камтар мекунад, инчунин ҷараёни электрикӣ ҳосил менамояд. Камиль Нурматов дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” таҷҳизоти “ЭКО-плюс”-ро пешниҳод ва сазовори ҷойи намоён гардид. Ҳамзамон, дар озмуни “Bus&IT 2022”, ки дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуда, ҷойи дуввумро сазовор шуд.

Камиль Нурматов овозхонӣ мекунад. То кунун 27 суруд сароидааст, ки аз ин миён матни 8 суруд моли ӯст. Сурудҳои Камиль Нурматов дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаводорони зиёде доранд. Ҳамзамон, ӯ ғайр аз ихтироъкориву овозхонӣ, инчунин ба варзиш машғул буда, дар чандини мусобиқа дастболо гардидааст.

Баҳруллои М.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад