ҲАЁТИ СОЛИМБеҳтарин варзишгарони Тоҷикистон маълум гардиданд

Беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон маълум гардиданд

-

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон дар соли 2022-ро эълон кард.

Миёни варзишгарони риштаи олимпӣ дзюдочӣ Темур Раҳимов беҳтарин варзишгари соли 2022 эълон гардид.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки барои аввалин бор ба финали Ҷоми Осиё роҳ ёфт ва соли гузашта барандаи мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Тайланд гардид, дастаи беҳтарин дар соли 2022 дониста шуд.

Академияи бошгоҳи футболи «Ювентус»-и Душанбе дар номинатсияи «Беҳтарин иншооти варзишии Тоҷикистон» ғолиб омад. Дар номинатсияи «Беҳтарин шаҳри варзишии Тоҷикистон» — Душанбе дониста шуд.

35 нафар мураббиёну варзишгарони комёбу муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2022 ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил шудаанд, бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 6250 то 50 000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. 
Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалалии варзишӣ дар соли 2022 ва мураббиёни онҳо ба тариқи зайл мукофтонида шуданд:
Темур Раҳимов – сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 40 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ — 10 000 сомонӣ;
Шодмон Ризоев — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 40 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 10 000 сомонӣ;
Асламҷон Азизов — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнону румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 40 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 10 000 сомонӣ;
Баҳодур Усмонов — сазовориҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 5 000 сомонӣ;
Моҳру Ҳалимова — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба Таэкван-до ВТ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 5 000 сомонӣ;
Сомон Маҳмадбеков – сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 5 000 сомонӣ;
Муҳаммад Аброридинов — сазовори ҷойи сеюм дар ЧемпионатиОсиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 5 000 сомонӣ;
Мустафо Ахмедов — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ ба мураббӣ 5 000 сомонӣ;
Эмомалӣ Нуралӣ — сазовори ҷойи якум дар Чемпионати Ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 40 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 10 000 сомонӣ;
Давлат Болтаев — сазовори ҷойи якум дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 3 750 сомонӣ;
Акбаралӣ Абдураҳмонзода — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 2 500 сомонӣ;
Шаҳбоз Ҳаитов — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 2 500 сомонӣ;
Сумайя Қосимова — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё     оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва аз ин ба мураббии ӯ 2 500 сомонӣ;
Некрӯз Салимов — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 2 500 сомонӣ;
Муҳаммад Аброридинов — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 2 500 сомонӣ;
Абдумалик Болтаев — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва аз ин ба мураббии ӯ 2 500 сомонӣ;
Хусравхон Рахимов — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 1 250 сомонӣ;
Муҳаммадамин Абдуллоев — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё  оид ба гӯштини тарзи озод мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 2 500 сомонӣ;
Алиризо Баҳромов — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё  оид ба гӯштини тарзи озод мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 2 500 сомонӣ;
Анушервон Фазилов — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ 2 500 сомонӣ;
Исоджон Нурахмадов — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё  оид ба гуштини юнону румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ба мураббӣ 2 500 сомонӣ;
Сунат Абдуллоев — сазовори ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё  оид ба гуштини юнону румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ба мураббӣ 2 500 сомонӣ;
Расул Аҳадов — сазовориҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1250 сомонӣ;
Малика Нозимова — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;
Нурланбек Эрматов — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;
Ҳусния Холова — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;
Фируз Мирзораҷабов — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;
Рустамҷон Ашӯров — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;
Ҳангома Исоева — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;
Руслан Ғафуров — сазовориҷойи сеюм дар ЧемпионатиОсиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;
Акмалҷон Абдувалиев — сазовориҷойи сеюм дар ЧемпионатиОсиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;
Юсуф Фозилов — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;
Ҳусейн Ҳасанов — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба гӯштини юнону румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;
Муҳаммад Абдуҳакимзода — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба гӯштини юнону румӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ;
Нурулло Муродов — сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё  оид ба Таэквон-до ВТФ мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба мураббӣ 1 250 сомонӣ.
Ҳамзамон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷоизаи «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин федератсияи варзишии сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Беҳтарин шаҳри варзишии сол», «Беҳтарин васоити ахбори омма дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Шореҳи беҳтарини соҳаи варзиш» ва «Варзишгарнавраси умедбахш» дар соли 2022 эълон намуд, ки беҳтаринҳо муайян гардида, дар маросими ҷамъбастии чорабинии мазкур қадрдонӣ карда шуданд.
Беҳтарин варзишгар байни калонсолон аз рӯи намуди олимпии варзиш дар соли 2022 дорандаи медали тиллои “Baku Grand Slam 2022” ва ғолиби ҷойи дуюми мусобиқаи байналмилалии ниҳоии “Master-2022”оид ба гӯштини ҷудо Темур Раҳимов гардид.
Дорандаи медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо Эмомалӣ Нуралӣ беҳтарин варзишгар байни ҷавонон аз рӯи намуди олимпии варзиш дар соли 2022 эътироф карда шуд.
Беҳтарин варзишгар байни калонсолон аз рӯи намуди ғайриолимпии варзиш дар соли 2022 Чемпиони ҷаҳон оид ба бокси касбӣ Шавкат Раҳимов дониста шуд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба бодибилдинг Ясмина Ан-Нимр беҳтарин варзишгар байни бонувон дар соли 2022 гардид.
Ҷоизаи беҳтарин дастаи варзишӣ дар соли 2022 ба тими миллии футболи Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Ғолибони дигари озмунҳо инҳо гардиданд:
Мураббии беҳтарин байни калонсолон дар соли 2022 — мураббии гӯштини ҷудо Суҳроб Абдураҳмонов;
Мураббии беҳтарин байни ҷавонон дар соли 2022 — мураббии гӯштини ҷудо Фаррух Собиров;
Беҳтарин Федератсияи варзишӣ аз намуди олимпӣ дар соли 2022 – Федератсияи ҷудои Тоҷикистон;
Беҳтарин Федератсияи варзишӣ аз намуди ғайриолимпӣ дар соли 2022 – Федератсияи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ»-и Тоҷикистон»;
Беҳтарин шаҳри варзишӣ дар соли 2022 – шаҳри Душанбе;
Беҳтарин иншооти варзишӣ дар соли 2022 — Маркази варзиши академияи футболи клуби итолиёвии «Ювентус»
Беҳтарин мактаби варзишӣ дар соли 2022 — Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе;
Номинаи «Варзишгарнавраси умедбахш дар соли 2022»:
Сомон Турсунзода — аз рӯи намуди гӯштини ҷудо;
Сомон Амонов– аз рӯи намудҳои теннис ва бадминтон;
Эмомҳусайн Умаров — дорандаи шаҳодатномаи ҷаҳонии рекорд бо қувваи дастсанҷӣ (отжиманий) (зиёда аз 5200 маротиба);
Жасмина Нурматова – оид ба намудҳои гимнастика;
София Турсунзода — оид ба намудҳои гимнастика;
Елизалвета Стрелникова — оид ба намудҳои гимнастика;
Номинаи «Беҳтарин муассисаи тарғибгари соҳаи варзиш дар соли 2022»:
Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш HD»
Номинатсияи “Беҳтарин шореҳи варзишӣ дар соли 2022”
Раҳматшо Обидов – рӯзноманигори Муассисаи давлатии телевизиони “Тоҷикистон”
Алӣ Шариф – рӯзноманигори Муассисаи давлатии  телевизиони “Варзиш”
Муродалӣ Тешаев  – рӯзноманигори Муассисаи давлатии  телевизиони “Варзиш”
Номинаи “Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2022”
Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳоиолимпии №5 оид ба намудҳоибозиҳои варзишӣ”-и шаҳри Душанбе
Муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ”-и ноҳияи Роштқалъа
Муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ”-и №1 ноҳияи Ашт
Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишӣоид ба намуди волейбол”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов
Муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ”-и ноҳияиДанғара
Муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ”-и ноҳияи Панҷ
Муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ”-и шаҳри Ваҳдат
Ҳамчунин ба як қатор кормандони фаъоли соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки дар соли 2022 дар рушди соҳа саҳми созгор гузоштанд, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот...

Lenovo 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад

Lenovo фурӯши ҷаҳонии ноутбуки нави IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11-ро дар асоси платформаи Qualcomm Snapdragon X2 оғоз кард.  Вазни ин...

Доварони тоҷик дар семинари элитаи Конфедератсияи футболи Осиё

Дар Маркази миллии футболи шаҳри Тошканд семинари доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дорад, ки дар он 92 довар...

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....
spot_imgspot_img

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад