МУВАФФАҚИЯТҲайкалтароше ки мехоҳад барои тоҷикистониён хидмат кунад. Бинобар ин,...

Ҳайкалтароше ки мехоҳад барои тоҷикистониён хидмат кунад. Бинобар ин, ба хориҷ намеравад

-

Шерзамон Латипов аз соли 2006 ба ҳайкалтарошӣ машғул гардидааст. Тафовути ӯ аз дигар ҳайкалтарошон дар он аст, ки Шерзамон аз гил, оҳану санг, пластик ва чандин маҳсулоти дигар ҳайкал метарошад.

Шерзамон дарахти сунъӣ месозад, муҷассамаи ашхоси машҳурро меофарад, пайкараи ҳайвоноти ваҳширо омода менамояд, расмҳои хурду бузург тавсир мекунад.

Шерзамон Латипови 32-сола зодаи шаҳри Хуҷанд буда, аз овони кӯдакӣ ба корҳои падараш, ки ҳайкалтарошӣ мекард, зеҳн мемонд. Ӯ пас аз хатми синфи 9 ба Колеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз дохил шуда, онро бо муваффақият хатм мекунад. Сипас ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, баъд аз ду соли таҳсил ба Академияи давлатии санъат ва саноати Маскав роҳ меёбад.

Ҳоло дар Душанбе дар як бинои куҳна барои худ коргаҳ сохтааст. Ӯ мегӯяд аз субҳ то ҳиссае аз шаб дар коргоҳ кор мекунад, вале бо ин касб рӯзгорашро пеш бурда наметавонад. Зеро, талабгорон ба маҳсули дасташ кам буда, супориш низ ночиз аст.

Шерзамон бовар дорад, ки барои ободу зебо гардонидани шаҳри Душанбе корҳои зиёде анҷом дода метавонад. Вале замон лозим аст то бо ҳунараш таваҷҷуҳ шуда, ба ӯ бовар кунанд, ки қодир ба анҷоми ин ё он кор мебошад:

-Метавонам дар дигар кишвар зиндагӣ карда, мувафақият ба даст орам. Аммо итминон дорам, ки баъди чанд сол ҳунари мо дар кишварамон қадр мешавад ва мо Ватани худамонро ободу зебо мекунем. Бинобар ин, инҷо кор карда истодаем.

Ӯ ҳоло як шогирд дорад, ки дар корҳояш кумак мекунад. Лекин бештари корашро  ба танҳоӣ анҷом медиҳад.

Бузургтарин кори Шерзамон бо падараш муҷассамаи 7-метраи Исмоили Сомонӣ аст, ки дар Конибодом қомат афрохтааст.

Шерзамон барои боғи Куруши Кабир намунаи муҷассамаи Куруши Кабирро офарида, ки аз ҷониби комиссия мавриди омӯзиш аст ва дар сурати тасдиқ, ӯ барои боғи мазкур тандиси 6-метраи Курушро хоҳад сохт.

 

 

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот...

Lenovo 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад

Lenovo фурӯши ҷаҳонии ноутбуки нави IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11-ро дар асоси платформаи Qualcomm Snapdragon X2 оғоз кард.  Вазни ин...

Доварони тоҷик дар семинари элитаи Конфедератсияи футболи Осиё

Дар Маркази миллии футболи шаҳри Тошканд семинари доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дорад, ки дар он 92 довар...

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....
spot_imgspot_img

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад