БОЛЗикрулло дӯсти маснӯъӣ месозад

Зикрулло дӯсти маснӯъӣ месозад

-

Зикрулло Амирӣ ҳангоми суханронӣ дар як маҳфил

Меҳмони навбатии мо дар барномаи “Бол” Зикрулло Амирӣ, донишҷӯи Донишгоҳи техналогияҳои иттилоотӣ, механика ва оптикаи Санкт-Петербург (Университет Информационных Технологий, механики и оптики)  мебошад.

Зикрулло соли дуюм аст, ки дар риштаи барномасозӣ таҳсил мекунад.

Ӯ дар баробари таҳсил ба коркарди барномаи муаллифии хеш машғул аст, ки аз ӯ “Дӯсти маснӯъӣ” ном мебарад. Барнома бо корбар озодона суҳбат бояд кунад.

«Бисёр корҳоест, ки мо бояд анҷом диҳем, вале бо сабаби набудани вақт дасткутоҳем. Бинобар ин, барномае ҳамчун дастёр лозим аст. Яъне, корбар метавонад ба барнома супориш диҳад ва барнома онро дар хотир сабт кунад ва вақти зарурӣ ёдрас менамояд. Ҳамчунин ба мо аз шабакаи интернет маълумот лозим шуд, барнома ин мушкилро ҳал мекунад.»,-мегӯяд Зикрулло.

Зиёда аз як моҳ аст, ки Зикрулло сари ин лоиҳа кор мекунад ва ният дорад, ки то охири сол онро ба анҷом расонад ва ба мардум дастрас кунад.

Дар instagram ҳам фаъол аст ва ба обуначиҳояш дар бораи техналогия машварат медиҳад.

«Моҳи октябри соли гузашта тасмим гирифтам курси барномасозӣ ташкил кунам. Хостам аз блогерҳо реклама харидорӣ ва корамро оғоз намоям, вале як дӯстам маслиҳат дод, ки беҳтараш худ видео нашр кунам ва ба ин шакл обуначӣ пайдо месозам. Ҳамин тавр ҳам шуд ва рӯзҳои наздик мо аввалин курсамонро оғоз мекунам.»,-илова кард Зикрулло.

Барои аввал ба 10 шогирд давоми 2 моҳ фосилавӣ сохтани лоиҳаҳо ва телеграм-ботро меомӯзонад.

Зикрулло Амирӣ. Аксҳо аз бойгонии ӯ

Пас аз хатми донишгоҳ дар минтақаи Кӯлоб маркази омӯзишие созмон доданист то барномасозони маҳаллиро омода намояд.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад