ҲАЁТИ СОЛИМҶоми ФФТ-2023: мақоми аввал 50 ҳазор сомонӣ

Ҷоми ФФТ-2023: мақоми аввал 50 ҳазор сомонӣ

-

26 январи соли равон дар шаҳри Ҳисор марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2023 оғоз мегардад.

Ин марҳала дар минтақаи Душанбе ҳашт даста ширкат мекунанд.

Ба гурӯҳи «А» «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ», «Кӯктош» ва «Равшан»-и Кӯлоб шомиланд. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои ССКА, «Шодмон», «Душанбе» ва «Барқчӣ» бозӣ хоҳанд кард.

Ҳамаи бозиҳо дар минтақаи Душанберо Варзишгоҳи марказии Ҳисор мизбонӣ менамояд.

Пас аз ҷамъбасти даври гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври ниҳоии Ҷоми ФФТ-2023, ки моҳи феврал баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Аз вилоятҳои Суғду Хатлон ду даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми федератсия-2023 роҳхат мегиранд.

Ба иттилои Федератсияи футбол, имсол фонди умумии ҷоизаҳои Ҷоми ФФТ 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа ба ҷуз Ҷом 50 000 сомонӣ дарёфт хоҳад кард. Барандаи медали нуқра 30 000 сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ 20 000 сомонӣ ба даст меоранд.

Акс аз сомонаи fft.tj

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад