МУВАФФАҚИЯТФотима Салимова 110-сола шуд

Фотима Салимова 110-сола шуд

-

Нусхаи шиносномаи Фотима Салимова

Фотима Салимова 110-сола шуд ва шояд ягона дарозумртарин зан дар Тоҷикистон бошад.

Фотима Салимова 20 январи соли 1913 дар Ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимови ноҳияи Совет (Темурмалики вилояти Хатлон) таваллуд шудааст. Ӯ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ фаъолият намуда, собиқаи беш аз 40-солаи корӣ дорад. Фотима соҳиби 3 фарзанд, 20 набера ва 75 абера буда, писари бузургаш аз олам чашм пӯшидааст. Писари дуюмаш Қарабой Гулаев 73-сола.

Фотима Салимова айни ҳол худро бардам эҳсос мекунад ва ҳамарӯза рӯйи ҳавлӣ мебарояд. Бинобар сабаби сардии шадид фарзандон иҷоза намедиҳанд, ки аз хона берун шавад. 

Фарзандон, наберагон ва аберагони Фотима Салимова дар атрофаш

Ба муносибати 110-солагӣ намояндагони мақомоти иҷроия туҳфаи раиси ноҳияи Темурмалик Ҳасанзода Шералиро ба ин пиразан расонда, табрикоти роҳбари ин ноҳияро ба ӯ расонданд.

Шералӣ Давлатов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
13
+1
14
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...

Имзои ёддошти тафоҳум байни Хадамоти алоқа ва Huawei барои рушди технологияҳои 5G-A ва 6G

Дар ҳошияи Форуми 5G дар шаҳри Душанбе миёни Хада моти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ваҶДММ "Хуавей Технологии Тоҷикистон" ёддошти...

Пешниҳод ба Нетаняҳу дар ивази афв аз сиёсат дур мешавӣ!

Президенти Исроил Итсҳак Ҳерсог ба сарвазири ин кишвар Бинямин Нетаняҳу созишеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он Нетаняҳу метавонад ду...
spot_imgspot_img

Кӣ беҳтарин хизматчии давлатии зан дар Душанбе шуд?

Дар шаҳри Душанбе ғолибони даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» муайян ва қадрдонӣ...

Тоҷикистон хостори харитаи ягонаи ҳамкориҳои маорифии Осиёи Марказӣ шуд

Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030 харитаи роҳи минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи маорифро пешниҳод кард. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад