БОЛМуҳсинҷон дар Русия. Чӣ тавр роҳбари 400 ҷавони тоҷикистонӣ...

Муҳсинҷон дар Русия. Чӣ тавр роҳбари 400 ҷавони тоҷикистонӣ гардид?

-

Муҳсинҷон Зубайдов, донишҷӯи cоли сеюми Донишгоҳи давлатии шаҳри Тюмени Федератсияи Русия мебошад.

Муҳсинҷон тариқи квота ба донишгоҳ роҳ ёфта, идрорпулӣ низ мегирад.

Кораш баъд аз дарс кумак ба ҷавонони тоҷик аст.

«Ман дар Тоҷикистон ҳамчун ихтиёрӣ фаъолият мекардам. Ин ҷо низ ин корамро идома медиҳам. Пас аз соли аввали таҳсил Кумитаи ҷавонон ва варзиш номзадиамро ба ҳайси роҳбари донишҷӯёни тоҷики муқими Тюмен пазируфт. Ҳадафи мо аз мушкилоти бачаҳо огоҳ шудану онҳоро то қадри имкон ҳаллу фасл намудан аст.», — нақл кард Муҳсинҷон.

Ҳоло дар вилояти Тюмен зиёда аз 400 донишҷӯи тоҷик дар зинаҳои бакалавр, магистратура, аспирантура ва ординатура таҳсил мекунанд. Муҳсинҷон аз соли 2018 роҳбари ҷавонони шаҳри Тюмен ва аз 2019 роҳбарии ҷавонони тоҷикро дар вилояти Тюмен ба ӯҳда дорад.

«Таҳсил дар мақоми аввал ва кори волонтёрӣ дар мақоми дуввум меистад ва волонтёрӣ ба таҳсилам халал эҷод намекунад.»,-таъкид мекунад ӯ.

Муҳсинҷон пас аз хатми зинаи бакалавр таҳсилро дар зинаи магистратура идома доданист, вале дар шаҳр ё донишгоҳи дигар.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
31
+1
8
+1
2
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад