ҲАЁТИ СОЛИМДаромад аз поккорӣ. Кӣ ба Талабшоҳ кумак кард?

Даромад аз поккорӣ. Кӣ ба Талабшоҳ кумак кард?

-

Раванди ҷудосозии партов. Манзили Талабшоҳ Иброҳимов

Талабшоҳ Иброҳимови 63-сола дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунад. Ӯ бознишаста буда, писари муҳоҷираш баъди садама ба хона баргашт. Дар ин хонавода ҳамсар, хоҳар ва набераи Талабшоҳ маъюбият доранд.

Масъулияти таъмини хонаводаи 10-нафара ба дӯши Талабшо афтодааст. Қаблан мардикорӣ мекард, вале дигар тавони анҷоми корҳои вазнинро надорад. Ҳоло кори мувофиқе пайдо карда, рӯзғорашро мечархонад. Аз се мактаби Бохтар партовҳоро ҷамъоварӣ ва дар хона ҷудо мекунад. Партовҳои ҷудошударо ба нуқтаҳои қабули қоғазу пластик месупорад. Бозмондаҳои партов барои нонпазӣ истифода мешавад.

Ба Талабшо аробаи барқиро иҷора додаанд ва акнун соҳиби кори худ шуд.

Ба Талабшо аробачаи барқиро Иттиҳодияи маъюбони Бохтар иҷора дода, дар се мактаб қуттии партов таъмин кардааст. Бобои Талабшоҳ аз ин мактабҳо партовҳоро ба хона оварда, ҷудо ва сипас ба ҷойи лозима бурда месупорад.

“Қуттиҳои аз тарафи Иттиҳодияи маъюбони Бохтар дар мактабҳо гузошта шудааст. Мо дар ду рӯз  як бор ин қуттиҳоро аз назар мегузаронем. Агар пур шуду  мо дертар кардем занг мезананд, ки омада қуттиҳо пуршударо баред.”,-нақл кард Талабшоҳ Иброҳимов.

Бобои Талабшоҳ ҳар моҳ 400 сомонӣ иҷораи ароба медиҳад ва боз 500 сомонӣ даромад дорад. Дар рӯзҳои таътили мактабҳо ӯ бекор намемонад, боркашонӣ мекунад.

Абдусамад Бобоҷонов, роҳбари Иттиҳодияи маъюбони минтақаи Бохтар мегӯяд, дар доираи лоиҳа, онҳо ду мотороли барқӣ дастрас карданд.

«Ду маъюб аз ҳисоби оилаҳои маъюб ин моторолҳоро идора мекунанд. Онҳо аз мактабҳо партовҳоро гирифта, ҷудо намуда, ба ҷойҳои дахлдор месупоранд. Бо ин роҳ сатҳи зиндагии ҳамин ду нафар соҳиби моторол ва дигар маъюбоне, ки дар ҳамин кор ҷалб шудаанд, беҳ мегардад.”,-гуфт Абдусамад Бобоҷонов.

Иттиҳодияи маъюбони Бохтар аз соли 2000-ум фаъолияти иҷтимоӣ дорад. Дар идораи андози ин шаҳр ҳамчун андозсупоранда сабти ном шудааст. Ҳадафи ин ниҳод баланд бардоштани сатҳи зиндагии хонаводаҳое, ки маъюб доранд, мебошад. Ба занону духтарони маъюб низ қаблан таҳҳизоти дӯзандагӣ ва пазандагӣ ройгон дода буданд.

Ин нафар низ соҳиби аробаи барқӣ гардид

Иттиҳодияи маъюбони Бохтар дафтари махсуси корӣ надорад. Солҳои зиёд дар идораю корхонаҳои давлатӣ иҷоранишин буд.

Абдусамад Бобоҷонов мехоҳад ба шахсони маъюбиятдошта имтиёз дода шавад. Аз тарҳи қонун «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» сабукӣ дар пардохти андозро интизор аст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад