МУВАФФАҚИЯТСуратгир, ментор ва мутахассиси SMM. Нисо чаро аз иқтисодчӣ...

Суратгир, ментор ва мутахассиси SMM. Нисо чаро аз иқтисодчӣ шудан даст кашид?

-

Нисо Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Хуҷандро хатм кардааст, аммо ҳоло дизайнери графикӣ, суратгир ва мутахассиси SMM аст.

Замони донишҷӯӣ дарк кард, ки соҳаи иқтисод ба завқаш наздик нест, бинобар ин, дар ҷустуҷӯи касбу кори дигар шуд. Кори нахустинаш-PR-менеҷер дар ширкате буд. Ҳамзамон бо яке аз ҳамкоронаш ба омӯзиши дизайни графикӣ пардохт. Кори дизайни графикиро аз интенет ва маркази омӯзишии “Илмхона” аз худ кард. 

Нисо мегӯяд, то як моҳи пеш кори расмӣ дошт, вале ҳоло озод аст.

-Ман давоми кори расмии хеш ба хулосае омадам, ки агар коргари озод бошам вақтамро беҳтар танзим мекунам. Яъне, меомӯзам ва кор мекунам. Аз ҷониби дигар, талабот ҳамарӯза ба мутахассисон зиёд мешавад ва агар чизи наве наомӯзем, бекор мемонем.

Нисо ҳоло аксари фармоишҳояшро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ қабул мекунад. Ӯ мегӯяд, баъзе фармоишгарон идея медиҳанд, баъзеи дигар хоҳиш мекунанд, ки бо идеяи хеш чизе барояшон созам.

Ӯ банер, логотип, нақшҳо барои либос ва ғайраро таҳия мекунад. Инчунин суратгирӣ низ мекунад ва чӣ гуна ба ин соҳа ворид шуданашро нақл кард:

— Вобаста ба кори SMM чанде пеш ҳоҷате пеш омад, ки бояд дар нақши суратгир бошам ва суратгириро худомӯзӣ карда, дар муддати кӯтоҳ аз худ кардам. Ман ҳоло худро ҳамчун дизайнери графикӣ, суратгир ментор ва мутахассиси SMM муаррифӣ мекунам ва ин ҳама корҳо бо ҳам хеле алоқаманд ҳастанд. Суратгирӣ барои дизайнер, мутахассиси SMM ба суратгир ва дизайнер ба мутахассиси SMM.

Дар ду омӯзиши SMM донишашро такмил намудааст. Фаъолияти менторӣ низ мекунад ва дар омӯзишҳо донишашро ба дигарон қисмат менамояд.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
3
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад