НАВИДЧанд далели ҷолиб дар бораи МГУ

Чанд далели ҷолиб дар бораи МГУ

-

Санаи таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов ба 25 январ рост меояд. Тӯли камтар аз се аср донишгоҳ бо мутахассисони омодакардааш, ки дар тамоми қораҳо фаъолият мекунанд, шуҳратёр гардидааст.

Идеяи таъсиси ин муассисаи таҳсилоти олӣ ба Иван Иванович Шувалов, арбоби давлатии Русия ва Михаил Василевич Ломоносов, аввалин табиатшиноси рус мутааллиқ аст. 

Соли 1755 донишгоҳи мазкур ифтитоҳ ёфта, Фармони таъсиси муассисаи таълимӣ аз ҷониби малика Елизавета 12 январи ҳамон сол ба имзо расида буд. Бинобар гузариш аз тақвими Ҷулиан ба Григориан ин рӯз ба 25-ум январ гузашт.

Чанд далели ҷолиб дар бораи Донишгоҳи давлатии Маскав

Аввалин донишҷӯён дар биное, ки дар майдони асосии Москва воқеъ аст, таҳсил мекарданд.

Ибтидо донишгоҳ дар бинои Земский, дар Майдони Сурхи шаҳр ҷойгир буд. Ҳоло ин ҷо Осорхонаи давлатии таърихӣ мебошад. Аввалин бинои донишгоҳ аз рӯи модели аврупоӣ соли 1595 сохта шудааст.

Ташаббускори таъсиси ин донишгоҳ дар Москва Михаил Василевич Ломоносов буд. Вай сохтори муассисаи таълимиро тарҳрезӣ карда, таъкид кардааст, ки таълим ба забони русӣ сурат гирад, на ба забони лотинӣ, ки қаблан маъмул буд. Ӯ боварӣ дошт, ки бо мурури замон донишгоҳ ба маркази илми рус табдил меёбад. 

Бо вуҷуди иштироки фаъолонаи ӯ дар таъсиси донишгоҳ исми Михаил Ломоносов на дар Фармони таъсиси донишгоҳ ва дар рӯзи ифтитоҳ зикр намегардад.

Аввалин директори Донишгоҳи давлатии Маскав Алексей Аргамаков, писари масъули мизи хӯроки ҳоким будааст. Раванди таълимро Иван Шувалов, дӯстдоштаи малика мудирият мекардааст.

Соли 1940 донишгоҳ ба номи Михаил Ломоносов гузошта шуд, ки аз вафоташ аллакай 175 сол сипарӣ шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад