ҲАЁТИ СОЛИМTashkent Grand Slam 2026: Аз Тоҷикистон кӣ иштирок...

Tashkent Grand Slam 2026: Аз Тоҷикистон кӣ иштирок мекунад?

-

17 паҳлавони тоҷик дар Tashkent Grand Slam 2026 иштирок мекунанд
Аз 27 феврал то 1 марти соли 2026 дар шаҳри Тошканд мусобиқаи бонуфузи ҷудо — Tashkent Grand Slam 2026 баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар ин сабқат 17 варзишгар — 13 мард ва 4 зан намояндагӣ мекунанд. 
Ба иттилои International Judo Federation, дар мусобиқа ҳудуди 400 ҷудокор аз 41 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Ғолибон на танҳо медал, балки имтиёзҳои раддабандии ҷаҳонӣ ва ҷоизаҳои пулиро соҳиб мешаванд.
— барои ҷойи аввал — 5 000 евро,
— ҷойи дуюм — 3 000 евро
— ҷойи сеюм — 1 500 евро.
 
Ба ҳайати тими милли Тоҷикистон инҳо шомиланд:
🔹 Занон:
Ахлия Муъминова (то 48 кг)
Мадина Қурбонзода (то 52 кг)
Александра Кан (то 57 кг)
Виктория Киселёва (зиёда аз 78 кг)
 
🔹 Мардон:
Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (то 60 кг)
Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов (то 66 кг)
Масъуди Аҳмадзод, Абдуллои Ориф (то 73 кг)
Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Бокиев (то 81 кг)
Умар Расулов, Музамир Каримзода (то 90 кг)
Парвиз Абдурахмонов, Бахтовар Бобохонов (то 100 кг)
Некрӯзшоҳ Некбахтзода (зиёда аз 100 кг)
 
Ба иттилои International Judo Federation, дар мусобиқа ҳудуди 400 ҷудокор аз 41 кишвари ҷаҳон иштирок доранд. Ғолибон на танҳо медал, балки имтиёзҳои раддабандии ҷаҳонӣ ва ҷоизаҳои пулӣ мегиранд:
барои ҷойи аввал — 5 000 евро;
ҷойи дуюм — 3 000 евро;
ҷойи сеюм — 1 500 евро.
 
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввал медалҳо дар вазнҳои то 60 ва 66 кг байни мардон ва то 48, 52 ва 57 кг байни занон тақсим карда мешаванд. 
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад