ОЛАМИ МАҶОЗӢКореяи Ҷанубӣ 73 шаҳрвандашро, ки дар Камбоҷа ба қаллобӣ...

Кореяи Ҷанубӣ 73 шаҳрвандашро, ки дар Камбоҷа ба қаллобӣ машғул буданд, ба ватан овард

-

Баъди пойин овардани гумонбарон

73 шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ, ки дар Камбоҷа бо гумони даст доштан дар амалиётҳои қаллобии онлайнӣ боздошт шуда буданд, имрӯз, 23 январ бо парвози махсус ба ватан баргардонида шуданд. Ин бузургтарин бозгардондани гумонбарони ҷиноят аз як кишвар дар таърихи Кореяи Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад.

Ба иттилои Дафтари президенти Кореяи ҷанубӣ, ин афрод пас аз тафтишоти муштараки пулиси Кореяи Ҷанубӣ ва Камбоҷа боздошт шудаанд ва ин нафарон аз 869 қурбонии кореягӣ дар маҷмӯъ 48,6 миллиард вон (тақрибан 33,1 миллион доллари ИМА) тасарруф кардаанд.

«Пас аз нишастани ҳавопаймо гумонбарон фавран ба ҳабс гирифта шуданд ва барои идомаи тафтиш ба идораҳои пулиси маҳаллӣ дар саросари кишвар интиқол дода шуданд. 70 нафар ба иштирок дар қаллобии онлайнӣ, се нафари дигар бо иттиҳоми гаравгонгирӣ бо мақсади ғоратгарӣ ва қиморбозӣ гумонбар ҳастанд.»,-менависад en.yna.co.kr 

Гурӯҳи муштараки тафтишотӣ дар Камбоҷа ба ҳафт пойгоҳи қаллобон, аз ҷумла дар Сиануквилл, Пойпет ва вилояти Мондулкири ҳамла анҷом дода, гумонбаронро боздошт намудааст.

Мақомот ҳамчунин чанд ҷавони тақрибан 20-соларо, ки дар ин пойгоҳҳо боздошт ва шиканҷа мешудаанд, наҷот доданд.

Ин бозгардонии оммавӣ пас аз марги як донишҷӯи кореягӣ дар Камбоҷа (моҳи августи 2025) бар асари шиканҷа дар як ҳодисаи эҳтимолии қаллобии корӣ сурат гирифт, ки даъватҳо барои вокуниши ҷиддӣ ба ҷиноятҳо алайҳи шаҳрвандони Кореяи Ҷанубиро дар он кишвар ба бор овард.

Қаблан, моҳи октябри соли гузашта, гурӯҳи 64 шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ низ пас аз боздошт дар Камбоҷа бо гумони иштирок дар қаллобии онлайнӣ барои тафтиш ба ватан баргардонида шуда буданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад