БОЛКори каму маоши хуби аспбози тоҷик дар Хитой

Кори каму маоши хуби аспбози тоҷик дар Хитой

-

Аксҳо аз бойгонии Рустам Нематов

Рустам Нематов аспбоз буда, ҳоло дар яке аз сиркҳои Ҷумҳурии халқии Хитой фаъолият дорад. Ӯ дар барномаи навбатии “Бол” доир ба кору зиндагиаш қисса намуд.

Қаҳрамони мо пас аз хатми мактаби миёна бо ёрии яке аз аспбозони маъруфи кишвар Фирӯз Убайдов ба Хитой рафт.

«Пас аз хатми мактаб чӣ кор карданамро намедонистам. Рӯзе Фирӯз Убайдов пешниҳод кард, ки ба Хитой оям ва ҳамчун аспбоз дар сирк фаъолият кунам. Ҳамин тавр, аввали соли 2019 ба ин ҷо омада, пас аз як ҳафтаи тамрину омӯзиш ба кори сирк оғоз кардам ва акнун аз се сол мешавад, ки ҳамчун аспбоз кор мекунам. Ин кор душвор аст, аммо дилгиркунанда нест ва бо шӯру шавқ анҷом медиҳам. Дар як шабонарӯз 3-4 соат кор мекунам ва ҳар ҳунарнамоӣ то 10 дақиқа аст.», — гуфт ӯ.

Роҳбарияти сирк ӯ ва ҳамкоронашро ба хӯрок ва ҷойи хоб таъмин намудаанд. Ҳоло моҳонааш бо қурби асъори миллии Тоҷикистон ҳудуди 12 ҳазор сомонӣ аст ва аз ин маблағ ҳиссаеро барои волидонаш ба Тоҷикистон мефиристад. 

Рустам мегӯяд, ки дар Хитой мардум ҳунарашро хуб қадр мекунанд, пас аз намоишҳо бо ӯ дар бораи ҳунараш суҳбат мекунанду акс мегиранд.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад