МУВАФФАҚИЯТВакилон дар Фаронса аз манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои...

Вакилон дар Фаронса аз манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон ҷонибдорӣ карданд

-

Палатаи поёнии парлумони Фаронса ба ҷонибдории манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 15-сола овоз дод. Бо дархости президенти кишвар Эммануэл Макрон санад босуръат баррасӣ мешавад ва мақомот умед доранд, ки онро моҳи феврал қабул хоҳанд кард.

Илова бар ин, як моддаи дигари лоиҳаи қонун густариш додани манъи истифодаи телефонҳои мобилиро, ки соли 2018 ҷорӣ шуда буд, пешбинӣ мекунад. Маҳдудият дар коллеҷҳо (мактабҳои миёна барои кӯдакони 11–15-сола) амал мекард ва акнун қарор аст нисбат ба мактабҳои олӣ низ татбиқ шавад.

Сарвазири собиқ Габриэл Аттал, ки ҳоло дар Маҷлиси миллӣ фраксияи ҳизби «Ренессанс»-ро роҳбарӣ мекунад, изҳор доштааст, ки умедвор аст сенат лоиҳаро дар миёнаи моҳи феврал қабул мекунад. Ба гуфтаи ӯ, агар қонун дар давоми як моҳ қабул шавад, аз 1 сентябр манъи таъсиси аккаунтҳои нав барои корбарони то 15-сола ба иҷро медарояд ва то 31 декабр платформаҳо бояд ҳисобҳо ё акаунтҳои мавҷудаи наврасонро ҳазф кунанд.

Ин мавқеъро худи Макрон низ ҷонибдорӣ мекунад. Ӯ пас аз қабули лоиҳа дар шабакаи иҷтимоии X навишт:
«… Зеҳни фарзандони мо фирӯшӣ нест. На ба платформаҳои амрикоӣ ва на ба шабакаҳои чинӣ…».

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад