МУВАФФАҚИЯТТоҷикистон: бори аввал ҷарроҳии бомуваффақияти саратони ғадуди простата бо...

Тоҷикистон: бори аввал ҷарроҳии бомуваффақияти саратони ғадуди простата бо усули эндоскопӣ

-

Бори аввал табобати саратони ғадуди простата бо усули эндоскопӣ дар Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бомуваффақият амалӣ гардид. Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки бо ин усули нав ба 5 бемори гирифтори саратони ғадуди простата ҷарроҳии простатэктомия гузаронида шуд.
То ҷорӣ гардидани усули эндоскопӣ табобати ҷарроҳии саратони ғадуди прастата асосан бо усули анъанавии кушода гузаронида мешуд. Дар ин намуди ҷарроҳӣ буриши калон анҷом дода шуда, бо осеби зиёди бофтаҳо, хунравии нисбатан зиёд ва давраи тӯлонии барқароршавии беморон анҷом меёфт. Беморон баъди ҷарроҳии анъанавӣ муддати зиёд дар беморхона бистарӣ шуда, хатари пайдоиши оризаҳои баъдиҷарроҳӣ низ баландтар буд.
Усули эндоскопии ҷарроҳӣ бо буришҳои хурд анҷом дода шуда, хунравӣ ва осебнокии бофтаҳоро ба ҳадди ақал мерасонад. Дар натиҷа, дарди баъди ҷарроҳӣ камтар буда, муҳлати бистаришавӣ кутоҳ (6–7 шабонарӯз) мегардад. Илова бар ин, усули эндоскопӣ самаранокии баланди онкологӣ дошта, хатари оризаҳои баъдиҷарроҳиро коҳиш медиҳад. #онкология #рак #простата #таджикистан
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...

Муовини вазир: барои донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат мекунанд, шароит фароҳам оварда шудааст

Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон ҷавонон,...

Натиҷаи бозии Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол»: 1:0

Дар доираи даври 13-уми Париматч-Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Регар-ТадАЗ» рақобат сурат гирифт. «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ...
spot_imgspot_img

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад