ҲАЁТИ СОЛИМТамп "Шӯрои сулҳ"-ро рақиби СММ гардонданист

Тамп «Шӯрои сулҳ»-ро рақиби СММ гардонданист

-

«Шӯрои сулҳ» бо ташаббуси президенти ИМА Доналд Трамп таъсис ёфтааст. Ӯ қабл аз сафараш ба Давҳа аз ин СММ ва заъифии ин ниҳоди байналмилалӣ интиқод карда буд.
«Шӯрои сулҳ» барои таъмини нақшаи танзими сулҳ дар бахши Ғазза таъсис дода шудааст. Аммо нозироне, ки бо оинномаи он шинос шудаанд, таъкид мекунанд, ки ваколатҳои ин ниҳод метавонанд хеле фарох бошанд ва он метавонад ба рақиби СММ табдил ёбад.
Оинномаи «Шӯрои сулҳ» 22 январ дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос имзо бояд мешуд. Раиси «Шӯро» Доналд Трамп хоҳад буд. Ба кумитаи иҷроия, аз ҷумла, котиби давлатии ИМА Марко Рубио, домоди президенти Амрико Ҷаред Кушнер ва нахуствазири собиқи Бритониё Тони Блэр шомил мешаванд. Даъватномаҳо барои иштирок дар кори «Шӯрои сулҳ» ҳамчунин ба роҳбарони Олмон ва Русия низ фиристода шудаанд. Аммо лар ҳукумати Олмон дурнамои иштирок дар «Шӯрои сулҳ»-и Трампро бо шубҳа пазируфтанд. «Ба ниҳодҳои иловагии байналмилалӣ ниёз нест. Мо СММ дорем ва бояд онро тақвият бахшем, на ин ки сохторҳои нав таъсис диҳем», — гуфтааст ноиби канслери Олмон Ларс Клингбайл.
Владимир Путин бо аъзои доимии Шӯрои амнияти Русия гуфтааст, ки ба Вазорати корҳои хориҷии Русия супориш додааст то ҳуҷҷатҳои воридшударо омӯзад ва дар ин масъала бо шарикони стратегии кишвар машварат кунад. «Танҳо баъд аз ин мо метавонем ба даъвате, ки ба мо ирсол шудааст, посух диҳем», — аз қавли сарвари давлати Русия агентии «Интерфакс» хабар медиҳад.
1 миллиард доллар ҳаҷми саҳмест, ки кишварҳои хоҳони доштани узвияти доимӣ бояд дар тӯли як сол ба «Шӯрои сулҳ» пардохт намоянд.
Дар ҳамин ҳол Русия аз омодагии худ гуфтааст, ки ба «Шӯрои сулҳ» 1 миллиард доллар аз дороиҳои худ, ки пас аз ҳамлаи артиши Русия ба Украина, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳида, масдуд шудаанд, интиқол диҳад. Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 21 январ, президенти кишвар Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия изҳор доштааст. Ба гуфтаи ӯ, маблағҳои боқимонда «метавонанд барои барқарорсозии қаламравҳое истифода шаванд, ки дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ осеб дидаанд, пас аз бастани созишномаи сулҳ байни Русия ва Украина». Путин мушаххас нагуфтааст, ки кадом қаламравҳои аз ҷанги Русия алайҳи Украина харобшударо дар назар дорад. Ҳамчунин ӯ нагуфтааст, ки оё Маскав омода аст даъвати ИМА-ро қабул карда, узви «Шӯрои сулҳ» шавад ё не.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...
spot_imgspot_img

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад