ҲАЁТИ СОЛИМТрамп аз созиш дар бораи Гренландия хабар дод ва...

Трамп аз созиш дар бораи Гренландия хабар дод ва аз ҷорӣ кардани боҷҳо даст кашид

-

Президенти ИМА Доналд Трамп ва дабири кулли НАТО Марк Рютте дар бораи шартҳои чаҳорчӯбавии созиш вобаста ба Гренландия ба мувофиқа расиданд. Дар ин замина Трамп аз ҷорӣ кардани боҷҳои баланд барои кишварҳое, ки бо нақшаҳои ӯ мухолиф буданд, худдорӣ кард.

Дар баҳси марбут ба Гренландия созиши чаҳорчӯбавӣ ба даст омадааст, ки асоси аҳдномаи ояндаро дар бораи ин ҷазира қаламрави худмухтори Дания ва умуман минтақаи Арктика ташкил медиҳад. Дар ин бора рӯзи 21 январ президенти ИМА Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии Truth Social хабар дод. Ӯ таъкид кард, ки расидан ба созиш дар ҷараёни «мулоқоти бисёр самарабахш»-и ӯ бо дабири кулли НАТО Марк Рютте имконпазир шуд.
«Ин қарор агар амалӣ гардад, барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳамаи кишварҳои НАТО як бартарии бузург хоҳад буд. Бо назардошти ин, ман боҷҳоеро, ки бояд аз 1 феврал ҷорӣ мешуданд, татбиқ нахоҳам кард.», — навиштааст роҳбари Кохи Сафед.

Баъдтар Трамп ба рӯзноманигорон гуфт: «Ин як созиши дарозмуддат аст. Ин аз ҳама созишҳои имконпазир дарозмуддаттар аст. Он бе маҳдудияти замонӣ амал хоҳад кард. Ин барои ҳамеша аст».

Пештар ӯ эълон карда буд, ки аз 1 феврал ба ҳама гуна молҳое, ки аз Дания, Норвегия, Шветсия, Фаронса, Олмон, Британияи Кабир, Нидерланд ва Финландия ба ИМА ворид мешаванд, боҷи 10-дарсадӣ ҷорӣ хоҳад кард. Қарор буд, ки аз 1 июн ин боҷҳо то 25 фоиз боло бурда шаванд, то замоне ки дар бораи Гренландия созиш ҳосил гардад.

Доналд Трамп ҳамчунин афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дар доираи вазъияти марбут ба Гренландия баҳсҳои иловагӣ оид ба низоми дифои зиддиҳавоии ИМА бо номи «Гунбади тиллоӣ» низ идома доранд.

Рютте суханони Трампро дар бораи созиш тасдиқ кард
Марк Рютте ҳамон рӯз изҳороти президенти ИМА дар бораи мувофиқаи шартҳои чаҳорчӯбавии созиш оид ба Гренландияро тасдиқ намудааст. «Музокирот байни Дания, Гренландия ва Иёлоти Муттаҳида идома меёбад, то кафолат дода шавад, ки Русия ва Чин натавонанд дар он ҷо на аз ҷиҳати иқтисодӣ ва на аз ҷиҳати низомӣ мавқеъ пайдо кунанд»,  хабар агентии dpa медиҳад аз қавли сухангӯи Марк Рютте.
Доналд Трамп борҳо изҳор доштааст, ки Гренландия «ба ҳар сурат» бояд таҳти назорати ИМА қарор гирад, зеро ин ҷазира барои таъмини амнияти минтақаи Арктика ва ҳамчунин аз нигоҳи манфиатҳои амнияти миллии ИМА аҳамияти калидӣ дорад.

Трамп ба афзоиши фаъолиятҳои зериобии Русия ва Чин дар Арктика, ки гӯё аз ҷониби ИМА сабт шудаанд, ишора мекунад. Дар навбати худ, мансабдорони Дания ва дигар кишварҳои аврупоӣ хотиррасон мекунанд, ки Гренландия аллакай бо меъёрҳои дифои дастаҷамъии НАТО ҳифз шудааст. Илова бар ин, ҳузури низомии ИМА дар ҷазира бар асоси созишномаи соли 1951 таъмин мегардад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад