ҲАЁТИ СОЛИМҲодисаи дар Электростал чӣ гуна рӯх дод?

Ҳодисаи дар Электростал чӣ гуна рӯх дод?

-

Дар тасвир Имомалӣ Турдиев
Ҳодиса шоми якшанбе, 18 январ дар шаҳри Электростали назди Маскав рух дод. Тақрибан соати 23:20 гурӯҳи ҷавонон дар автобус мерафтанд. Ба гуфтаи шоҳидон, онҳо аз тиреза занеро дида, ангушти миёна нишон медоданд, масхара мекарданд ва дод мезаданд. Имомалӣ Турдиеви 19-сола, ки дар он автобус мерафт, ба ин ҳолат таваҷҷуҳ кардааст. Ӯ назди ҷавонони рус омада, эрод мегирад. Пас аз ин байни онҳо баҳс сар задааст. Онҳо қарор доданд, ки дар истгоҳ фаромада, «гуфтугӯро» дар кӯча идома диҳанд. Пеш аз фаромадан камераҳои назоратӣ сабт кардаанд, ки ҷавонони рус калапӯшҳои худро пӯшида, рӯяшонро пинҳон мекунанд.
Ба иттилои Baza, дар истгоҳ ҷавонон гурӯҳӣ ба Турдиев ҳамла карданд, аввал ба рӯяш гази қаламфур пошида, сипас ба сӯяш аз «ракета» тир холӣ карданд. Дар ҷавоб Эмомалӣ бо корд ба ҳамлагарон ҳамла намудааст. Миллатгароён кӯшиш карданд ба автобус ворид шаванд, Эмомалӣ аз пасашон рафта, ба яке аз онҳо ҷароҳати вазнин расондааст.
«Имомалӣ Турдиеви 19-сола ҳанӯз дар овони кӯдакӣ аз Тоҷикистон ба Русия кӯчидааст. То синфи 9 дар Русия таҳсил кардааст. Ҳоло дар анбори интернетмағозаи Wildberries кор мекардааст.»,-менависад vfokuse.
Сафарҷон, бародари калони Имомалӣ гуфтааст, бародараш оромтарин ва беозортарин фарзанди оила буда, ҳатто дар задухӯрдҳои мактабӣ иштирок накардааст.
«Аз ҷониби ӯ ягон ҳаракати нодуруст набуд. Танҳо ба ҷавонон эрод гирифт, онҳо баромада муноқишаро оғоз карданд. Ӯ оромтарин фарзанд дар оила аст. Намедонам ин ҳама аз чӣ шуд. Шояд аз он сабаб, ки як занро таҳқир кардаанд, мисли Эмомалӣ ҳар нафари солимақл мебуд, пас, метавонист ҳимоят кунад.», — гуфтааст бародари Имомалӣ.
Марина Ахмедова, узви Шӯрои ҳуқуқи инсони Русия дарт телеграм навиштааст, ҷавононе, ки бо Турдиев ҷанг карданд, рафтори хашмгин доштанд ва эҳтимоли интиқом аз ҷониби онҳо дида мешуд.
Дар ҳамин ҳол, узви узви Шӯрои ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия Ева Меркачёва таъкид кардааст, ки аз қазияи Электростал набояд муноқишаи байни миллатҳо доман зада шавад. Ба гуфтаи ӯ, муҳимтар аз ҳама он аст, ки ҷавон дар нақлиёти ҷамъиятӣ бо худ корд доштааст.
Ин дар ҳолест, ки алайҳи Имомалӣ Турдиев парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми куштор боз шудааст. Раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин шахсан ҷараёни парвандаро зери назорат гирифта ва аз роҳбари ин кумита дар вилояти Маскав гузориш талаб кардааст.
Анастасия Рагулина, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Маскав гуфтааст, агар маълум шавад, ки корд аз аввал ҳамроҳи Турдиев буд ва гурӯҳи ҷавонон ибтидо муноқишаро оғоз кардаанд, амали Имомалӣ метавонад ҳамчун худмуҳофизатӣ арзёбӣ шавад ва парванда баста гардад.
«Агар ҷавонон аввал ба ӯ ҳамла карда, аз «ракета» тир холӣ намуда ва таҳдид карда бошанд, амали минбаъдаи шаҳрванди хориҷӣ метавонад худмуҳофизати зарурӣ шуморида шавад, зеро ӯ таҳдид ба ҳаёташро дидааст.», — шарҳ додааст ӯ.
Аммо сенарияҳои дигар ҳам ҳастанд. Ба қавли коршинос, амалҳои Турдиев метавонад ҳамчун аз ҳад гузаштани худмуҳофизат ё «куштор дар ҳолати аффект» тасниф шавад.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...
spot_imgspot_img

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад