ОЛАМИ МАҶОЗӢШаҳрванди Русия бо гумони бузургтарин ҳамлаҳои ҳакерӣ боздошт шуд

Шаҳрванди Русия бо гумони бузургтарин ҳамлаҳои ҳакерӣ боздошт шуд

-

Як шаҳрванди Русия бо гумони бузургтарин ҳамлаҳои ҳакерӣ дар Канада боздошт шуд. Шаҳрванди Русия ва Канада Михаил Василев дар яке аз шаҳри Канада бо гумони анҷоми як силсила ҳамлаҳои ҳакерӣ дар ҷаҳон бо истифода аз вируси ransomware LockBit боздошт шуд. Дар ин бора хабаргузории BleepingComputer бо истинод ба Europol хабар медиҳад.

Бино ба иттилои хадамоти пулиси Иттиҳодияи Аврупо, ин шаҳрванди 33-солаи рус дар ташкили ҳамлаҳо ба инфрасохтори муҳим ва ширкатҳои бузурги саноатӣ дар саросари ҷаҳон гумонбар дониста мешавад. Гуфта мешавад, ки ин мард бо ин ҳадаф аз вируси ransomware LockBit истифода кардааст.

Ба гуфтаи ин созмон, дар ҷараёни як рейд дар Онтарио рӯзи 26 октябри соли ҷорӣ як гумонбар боздошт шудааст. Дар ин амалиёт афсарони хадамоти истихборотии Амрико ширкат кардаанд

Аз гумонбар ду силоҳи оташфишон, 8 компютер, 32 диски сахт ва 400 000 евро, инчунин криптовалюта мусодира шудааст. Интизор меравад, ки алайҳи ӯ дар Иёлоти Муттаҳида парванда боз шавад. Ба гуфтаи муфаттишон, ин мард яке аз шарикон аст, на раҳбари амалиёт.

Акс аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад