ОЛАМИ МАҶОЗӢА. Атоев: ҷавонони насли нав дар ҷомеаи рақамӣ мизбон...

А. Атоев: ҷавонони насли нав дар ҷомеаи рақамӣ мизбон ва насли калонсол меҳмонанд

-

Интернет аз нимаи дуюми асри XX дар Амрико пайдо шуд ва то имрӯз дар саросари олам паҳн гардид. Интернет имкони муоширати фосилавиро таъмин карда, дастрасӣ ба дилхоҳ маълумотро фароҳам овардааст.

Тибқи иттилои омории сомонаи statista.com дар соли 2021 тақрибан  4,66 млрд истиифодабарандаи интернет ба қайд гирифта шудааст, ки ба 59,5%-и аҳолии ҷаҳон баробар мебошад. Ҳудуди 50%-и истифодаббарандагон аз 18 то 34-сола ташкил медиҳад.  Тақрибан 92,6%-и истифодабарандагон тариқи телефони ҳушманд ба интернет пайваст мешаванд.

Дар Тоҷикистон низ истифодабарандагони аслии интернет ҷавонон маҳсуб ёфта, вале истифодаи босамару дуруст аз он аз ҷониби ин қишр саволи дигар аст.

Бинобар ин, ба мутахассиси соҳаи IT Асомиддин Атоев муроҷиат намудем то вазъро дар ин самт дониста бошем.

-Истифодаи интернет аз ҷониби ҷавонон имрӯз чӣ гуна аст?

-Ҷавонони асри навро ҳамчун бунёни рақамӣ мешиносанд ва технологияҳои рақамие, ки вуҷуд доранд барои онҳо як муҳити басо табиист. Ҷавонони насли нав дар ҷомеаи рақамӣ мизбон ва насли калонсол меҳмон ба шумор мераванд. Аз ин лиҳоз, донистани тарзу усули истифодаи дурусти интернет барои ҷавонон хеле ҳам муҳим аст.

Яке аз роҳҳои маъмултарини омӯзиши истифодаи дурусти интернет таввасути таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси стандарти фанни технологияи иттилоотист.

Ҳангоми истифодаи интерет ҷиҳати рафъи ягон мушкилӣ ё пешниҳоди ягон хизматрасонӣ корбар бояд дараҷаи хатарнокии кори худро санҷад ва онро дар асоси қонун танзим кунад.

-Имрӯзҳо ҷавонон интернетро ҳамчун як пойгоҳи фароғатӣ истифода мебаранд. Шахсан шумо ба онҳо кадом сомонаҳоро тавсия медиҳед то барояшон бехатар ва муфид бошад?

-Ба андешаи ман барои корбар беҳтарин роҳи пайдо кардани маълумоти лозима ё ҳали ягон мушкил, ин истифодаи мошинаҳои ҷустуҷуӣ мебошад, ки навъи аз ҳама маъмули он  Google мебошад. Истифодаи дурусти ин мошинаҳо хеле муҳим аст ҷиҳати ҳали масъалае, ки корбар руйи он кор мекунад.

-Истифодаи нодурусти интеренет корбарони зиёдро ба мушкилоти гуногун дучор намудааст ва ҳатто баъзе аз корбарон дар ин муҳит саҳван ё қасдан ба фаъолиятҳои гайриқонунӣ даст задаанд ва ҳатто маҳбас ҳам шудаанд. Барои бехатар истифода бурдан ва пешгирии ин ҳолатҳо Шумо чӣ тавсия медиҳед?

-Барои бехатар исттифода  бурдани интернет риояи қоидаи тиллоӣ хеле муҳим мебошад. Ин қоида тиллоӣ чунин аст, ки корбар дар он муҳит бояд ҳамон тавре ба дигар корбарон рафтор кунад, ки мехоҳад ба худаш чунин рафтор сурат гирад.

Ҳангоми истифодаи интернет новобаста аз онки дар муҳит карор дорем, қоидаҳои рафтор ва гуфтори махсус вуҷуд дорад. Хусусан имрӯзҳо медиа иҷтимоӣ (Facebook, Instagram, Twitter ва ғ) хеле маъмуланд ва корбар дар онҳо имкони сохтани шабакаи иҷтимоии худро дорад. Ҳар як шабака стандартҳои худро дорад ва қоидаи рафтори корбарро дар муҳити худ ба танзим медарорад. Ҳар нафаре, ки дар доираи ҳамин қоидаҳо амал мекунад то андозаи муайяне ҳам маълумоти худро ҳифз мекунад ва ҳам кори ӯ ба зарари дигарон намешавад. Аккаунт ва ҳар муҳите, ки корбар дар муҳити медиаи иҷтимоӣ барои худ месозад то як андоза имкони ҳифз кардани худи корбарро дорад.

Барои ҳифзи муҳити шабакаи худ оидаҳои бунёдии махсус ҳастанд, ба мисли гузоштани гузарвожаи (парол) мустаҳкам , ки иборат аст аз омехтаи 15 ҳарфаҳои хурду калон, аломатҳо ва рақамҳо, истифодаи тасдиқи дукаратати шахсият (двухфакторная идентификатсия) , ва мунтазам иваз кардани гузарвожа, махсусан дар ҳолатҳое, ки корбар ягон хатарро ҳис мекунад. Ҳар яг гузарвожа барои ҳар як аккаунт бояд гуногун бошад чунки истифодаи як гузарвожаи умуми дар якчанд аккаунт эҳтимоли хатарро зиёд мегардонад.

Дар ҳолати зиёд будани гузарвожаҳо, ба хотир гирифтани онҳо мушкил мешавад. Барои идораи гузарвожаиҳои аккаунтҳои корбар барномаи махсусе ҳаст бо номи “мудири гузарвожаҳо”, ки дастрасии корбарро бо гузарвожаи дилхоҳ аккаунташ таъмин мекунад.

-То чӣ андоза ҷой кардани маълумотҳои шахсӣ дар интернет ва ба дигарон дастрас будани онҳо дуруст шуморида мешавад?

Дар медиаи иҷтимоӣ маълумоте вуҷуд дорад, ки ба таври худкор ба дигар корбарони ҳамон муҳит ошкоранд ва ҳамзамон корбар метавонад ифшои аксари маълумоти дигарро маҳдуд созад. Маълумоте, ки дастрасиро ба онҳо маҳдуд кардан имкон дорад инҳо метавонанд рақами телефон, зодрӯз, руйхати дӯстон, руйхати гурӯҳҳо ва ғайра бошанд. Ин маълумотҳоро рахнагарон метавонанд ба манфиати худ ва зарари корбар истифода баранд. Дигар хусусияти медиаи иҷтимоӣ дар он аст, ки имкони нашр кардани маълумот аз тарафи як корбар дар саҳифаи корбари дигар имкон дорад. Маҳдуд кардани ин гузина ҳам ба фоидаи кори корбар аст ва ё метавонад онро чунон танзим кунад, ки танҳо бо иҷозаи корбари аслӣ маълумот нашр гардад.

-Ташаккур барои суҳбати бисёр ҳам муфид!

Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Huawei Watch 4 қанди хунро маълум мекунад

Huawei Watch 4, аввалин соатҳои ҳушманди маълумкунандаи қанди хун дар ҷаҳон акнун фурӯхта мешавад. Дар ин бораи Huawei Central иттилоъ...

Иштироки беш аз 20 корхонаи нассоҷӣ дар UzTextile Expo

Намояндаи 23 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон барои омӯзиши равандҳои нав, харидории маводи хоми лозима ба монанди риштаи омехта...

Баҳодур Усмонов №4 дар IBA

Пас аз Чемпионати ҷаҳон-2023 дар Тошканд ҷадвали  раддабандии Анҷумани байналмилалии бокс (IBA) нав шуд. Дар раддабандии нав муштзани тоҷик...

Super VPN кадом маълумотро ифшо кард

Super VPN маълумоти ҳамаи корбарони хадамоташро ифшо кардааст.  Муҳаққиқи ҷиноётҳои сайберӣ Ҷереми Фаулер як маҳзанеро  ошкор кард, ки дорои беш...
spot_imgspot_img

Изҳороти сарони AI: хатари зеҳни сунъӣ аз пандемия ва ҷангҳои ҳастаӣ кам нест!

Сарони бузургҷуссаҳои соҳаи зеҳни сунъӣ ҳушдор доданд, ки зеҳни сунъӣ ба инсоният таҳдид мекунад ва бояд ҳамчун хатар дар...

Go Viral 2023: илҳом ва ҷалб

Мавзӯи "Go Viral 2023: Илҳом ва ҷалб" буд. Дар ҷашнвора беш аз 30 мутахассис аз ширкату созмонҳои гуногун, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад