ҲАЁТИ СОЛИМChatGPT дар баҳсҳо ибораҳои таҳқиромез ва калимаҳои қабеҳ истифода...

ChatGPT дар баҳсҳо ибораҳои таҳқиромез ва калимаҳои қабеҳ истифода мекардааст

-

Тадқиқот нишон додааст, ки ChatGPT-и ширкати OpenAI ҳангоми посух додан ба низоъҳои шадиди инсонӣ метавонад ибораҳои таҳқиромез ва калимаҳои қабеҳ истифода барад. Тибқи пажӯҳиши нав, системаҳои зеҳни сунъӣ метавонанд дар баҳсҳр бо забони хушунат суҳбат кунанд, агар аз онҳо дар авҷи баҳс посух талаб карда шавад.

Дар тадқиқоте, ки дар маҷаллаи Journal of Pragmatics нашр шудааст, олимон рафтори нусхаи ChatGPT 4.0-ро омӯхтанд, ба ин модел муколамаҳоеро пешниҳод карданд, боиси муноқиша мешавад. Муҳаққиқон пайгирӣ карданд, ки бо шиддат гирифтани муноқиша рафтори модел чӣ гуна тағйир меёбад. Дар ҷараёни муколамаҳо ChatGPT душманиро инъикос намуда, дар ниҳоят ба истифодаи таҳқир, калимаҳои қабеҳ ва ҳатто таҳдидҳо гузашт.

Дар баъзе ҳолатҳо модел ҷумлаҳое ба мисли «Қасам мехӯрам, мошини лаънатии туро харошида мекунам» ё «ту бояд сахт шарм дошта бошӣ» тавлид кардааст.

Ба гуфтаи муаллифони таҳқиқот, таъсири тӯлонии дағалгӯӣ метавонад боис гардад, ки система маҳдудиятҳои муҳофизатии дохилиро, ки барои коҳиш додани зарар пешбинӣ шудаанд, давр занад ва ба гунае «ҷавоб гардонад».

Тадқиқотчиён, аз ҷумла Витторио Тантуччи ва ҳаммуаллифи ӯ Ҷонатан Калпепер аз Донишгоҳи Ланкастер таъкид мекунанд, вақте суҳбати одамон тезу тунд мешавад, зеҳни сунъӣ низ метавонад онро шиддат бахшад ва ба як маъно маҳдудиятҳои ахлоқиро нодида гирад.

Бо вуҷуди ин, муҳаққиқон қайд мекунанд, ки ҷавобҳои ChatGPT дар маҷмӯъ нисбат ба суханони инсонҳо дағалтар буданд.

Дар баъзе ҳолатҳо чат-бот барои паст кардани шиддати баҳс аз масхара истифода бурдааст, бе он ки расман қоидаҳои ахлоқии худро вайрон кунад. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...
spot_imgspot_img

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад